Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “Аёдати рамазонӣ”

“Аёдати рамазонӣ”

6-06-2017, 14:32
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
МАСТЧОҲ. Ҳизбиёни ноҳияи Мастчоҳ ҳар сол дар моҳи мубораки Рамазон ба афроди ниёзманду танҳо ва ятимону собиқадорони ҳизбу меҳнат дасти сахову мадад дароз намуда, тавассути иқдоми хайрхоҳонаи “Аёдати рамазонӣ” ба онҳо кӯмак мерасонанд.
Имсол ин иқдоми нек аз Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ оғоз гардид. Шоми дирӯз ба 70 нафар донишҷӯдухтарони хобгоҳи коллеҷи мазкур аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ифтори хайриявӣ дода шуд. Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ин иқдомро идомаи ташаббусоти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Роҳбари ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист ва таъкид намуд, ки ҷавонон бояд бо дарки баланди худшиносӣ ва ватандӯстӣ ба қадри ин сиёсат бирасанд ва онро гиромӣ доранд. Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ муассисаи таълимии давлатӣ буда, аз соли 1991 фаъолият дорад ва то имрӯз яке аз таъминкунандаи асосии макотиби ноҳия бо кадрҳои педагогӣ мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: