Тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди шарҳи Паёми Пешвои миллат ва баёни мақсаду мароми воридоти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи таблиғотӣ таъсис дода шуд.
Ба гуруҳи таблиғотӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов ва Қаландарзода Мавлуда Саттор, Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Нуров Нуралӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафоров, Муродзода Бобокалон, судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корманди дастгоҳи раиси вилояти Суғд Шарифулло Абдуллоев шомил буданд.
Гуруҳи мазкур дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, беморхонаи марказии ноҳия, муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, 11, 15, 16, 20, ҷамоати деҳоти Ғозиён, Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, Ҷамоати деҳоти Зарзамин, ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, маркази хизматрасонии “Орзу”-и ҷамоати деҳоти Ёва, ҷамоати деҳоти Хизтеварз ва дар қисми низомии Раёсати қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа вохурӣ гузаронид.
Ба воситаи мултимедия нуқтаҳои Паём ва зарурати тағийру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳа ба соҳа фаҳмонида дода шуд. Дар рафти музокира байни тарғибгарон ва иштирокчиёни ҷамъомад мубоҳиса сурат гирифт ва ҳозирин ба суолҳои худ посух гирифтанд.