
ДАНҒАРА: Чанд рӯуз пештар, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “Ориёнбонк”, бо иштироки Муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша ва бонувони собиқадор, роҳбар ва ҷавондухтарони зодаи соҳибистиқлол маҳфили адабӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “ Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни занон суханрони намуда, ба онҳо барои боз ҳам саҳмгузори намудан дар ободии ватани хеш маслиҳатҳои муфид дод.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор занони собиқадори ҳизбӣ, бонувон ва ҷавондухтарони фаъол аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гардонида шуд.