Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАҲФИЛИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ”

МАҲФИЛИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ”

7-09-2021, 08:06
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
МАҲФИЛИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ”

Дар доираи дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳаят реҷенси Душанбе аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Дар чорабинӣ Латифзода А.Қ. – муовини Раиси ҲХДТ, Қурбонзода Ҳ. – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода З.Ф. - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонова Р.А. – раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Назаров Д. – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Л. - сармуҳаррири нашрияи "Мароми пойтахт" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар маҳфили адабӣ-фарҳангӣ собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, варзишгарзанони маъруфи кишвар, вакилзанони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилзанони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия аз ҳисоби занон, фаъолзанони ноҳия ва ҷавондухтарони зодаи Истиқлолият иштирок намуданд.
Баъд аз маросими ифтитоҳи расмӣ баҳри болидахотирии иштирокчиёни маҳфил бо иштироки сарояндагони маъруфи кишвар чорабинии рангини фарҳангӣ доир гардид.
Дар фарҷом ба як қатор собиқадорон ва варзишгарзанони муваффақ дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: