Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » СЕ МЕДАЛИ МУҲАССИЛИН - ТУҲФАИ МУНОСИБИ ҶАШНӢ

СЕ МЕДАЛИ МУҲАССИЛИН - ТУҲФАИ МУНОСИБИ ҶАШНӢ

15-09-2021, 14:37
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
СЕ МЕДАЛИ МУҲАССИЛИН - ТУҲФАИ МУНОСИБИ ҶАШНӢ

Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехта, ки аз 8-ум то 13 сентябр дар шаҳри Прагаи Чехия бо иштироки беш аз 400 нафар варзишгарон аз 21 давлати ҷаҳон доир гашт, се нафар муҳассилини ДТҶТ ба номи С.Раҳимов - Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Ҷовидон Маҳмудов, устодони варзиш Ҳаким Абдуллоев ва Амирҳамза Исломов бо ба даст овардани як медали тилло, медали нуқра ва медали биринҷӣ дар ҳайати даставӣ баъди давлатҳои Украина ва Ирландия мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Воқеан, ҳар се аъзои дастаи яккачини ҷумҳурӣ оид ба санъати муҳорибаҳои омехта буда, то ин муддат дар бисёр мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи баланд, аз ҷумла дар кишварҳои Дания, Олмон, Испания, Италия, Щвеция, Баҳрайн ва ҷумҳуриҳои ИДМ шарафи кишварро баланд бардоштаанд.
Ба андешаи сарвари ДТҶТ ба номи С.Раҳимов Ш.Сафаров, “...Дастоварди муҳассилини донишкада Ҷовидон Маҳмудов, Ҳаким Абдуллоев ва Амирҳамза Исломов дар рўзҳои таҷлили 30-солагии кишвари азизамон ва 50-солагии донишкада, ки чанд муддат пас таҷлил мегардад, басо туҳфаи арзишманд буда, раёсати донишкада минбаъд низ аз ин варзишгарони бомаҳорати касбӣ дастовардҳои навбатиро умед дорад...”
Мо низ кулли ҳамдиёрон ба онҳо комёбиҳои навбатиро таманно дорем.


Мавлон ШАРИФОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: