Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАҲДАТ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ВАҲДАТ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

14-09-2021, 08:32
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0
ВАҲДАТ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА


АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик танҳо сулҳу ваҳдат наовард, балки дар баробари ин заҳмату хизмати падаронааш кӯшиш намуд, бо дарки воло ва зиракии сиёсатмандона мафҳуми Ваҳдатро дар қалбу ният ва вуҷуди ҳар як фарди боору номуси ин Ватан ҷой намояд. Ваҳдат тасдиқи ҳуввият, сулҳу субот, оромии давлат, беҳтарин неъмат падидаи неки ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат дар ҳар як давру замон аст.

Ин миллат ба хиради азалиаш дар таърихи пурфоҷиаи худ, ки ба беадолатӣ бемисл рӯ ба рӯ шудааст, тавонист, ки фарзандони бофазилату тамаддунофар, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро тарбия ва ба камол расонад.

Хушбахтона ба хости Худованд ба вориси арзандаи ин қаҳрамон-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ҳамчун аввалин сарвари давлати навини тоҷикон, таъмини соҳибистқиқлолии давлат ва шоҳсутуни асосии ин соҳибистиқлоли Ваҳдати миллиро далеронаву шуҷоатмандона ҳифз намояд. Тоҷики давлатдору сулҳпарвар ғояи ваҳдати миллиро дар ҷои аввал гузошт.

Сармеъмори сулҳу Ваҳдати худро дар мисоли фарзанди сарсупурдаи хеш Эмомалӣ Раҳмон дарёфт. Бо фазилати атои худовандӣ миллати тоҷик роҳу равиши сулҳофарӣ, ватансозӣ ва миллатсозиро пеша намуд. Хушбахтона, Ваҳдати миллӣ 24-сола шуд. Имрӯз масъулияти олии ватандорию ватансозӣ бар души мост. Мо ин рисолатро ба ҷону дил иҷро мекунем. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги миллати тоҷик дар асри 20 ба шумор меравад. Ин ваҳдат моро ба сӯи якдигарфаҳмӣ, ватансозӣ раҳнамоӣ мекунад.

Ифтихори миллӣ эҳсоси гарму гувороест, ки фарзандони миллатро бо роҳи созандагию бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан оромии сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, нигоҳдорӣ ва афзун гардонидани меъроси таърихиву арзишҳои фарҳангӣ роҳнамоӣ мекунад.

Чун мо дар арафаи ҷашни мубораки 24-солагии Ваҳдати миллӣ, санаи муқаддаси таърихии кишвар қарор дорем, набояд фаромӯш кард, ки сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурии мо ба осонӣ рӯйи кор наомадааст. Фазои орому осудаи ватанамон ҳар яки моро ҳушдор менамояд, ки ҳар нафас бо шукргузорӣ зиндагӣ карда, пайи ободии давлатамон ва ташаккули соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ талош варзем.

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар н. Вахш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: