Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагӣ

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагӣ

6-09-2021, 15:47
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагӣ

Дӯстӣ: Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Султонзода С.С, раиси ноҳияи Дӯстӣ, муҳтарам Саидзода Н.Х, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, раисони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Саравал раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Н.Х ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Султонзода С.С, ҳозиринро бо ин ҷашни бузурги давлатӣ табрику таҳният гуфта, барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ин ҷашни пуршукуҳ барору комёбиҳо орзу намуданд.
Дар идомаи маҷлис ба кормандонифаъол, собиқадорони меҳнат ва омӯзгорону табибон, ки дар соҳаҳои гуногун ва пешрафти ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоштаанд, ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва туҳфаҳои хотиравии Директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: