Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хуҷанд шаҳри беҳтарин дар ҷумҳурӣ

Хуҷанд шаҳри беҳтарин дар ҷумҳурӣ

16-09-2016, 11:25
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Хуҷанд шаҳри беҳтарин дар ҷумҳурӣ

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи ҷамбастии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи қарордоди комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ шаҳри Хуҷанд ғолиби озмун гардида “Шаҳри беҳтарин” дониста шуд.

Ба Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз Шаҳодатнома ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулии ғолибиятро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар лаҳзаи тантанавӣ супорид. Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, АП- 681 оиди гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ баргузор гашта дар он тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат намуданд.
Khujand.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: