РОҲҲОИ ДЕҲАҲО ОБОД МЕГАРДАНД23-08-2021, 09:18
Хабарро хонданд: 112 нафар
Назарҳо: 0
Н.ХУСРАВ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонию бунёдкориро ҳаматарафа ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои деҳот ва муҳайё намудани шароити зиндагии осоиштаи сокинон амалӣ гардонида истодаанд. Ин навбат бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии сокинони деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Фирӯза Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор гардида, роҳи даромади деҳа ба масофаи 2 километр таъмиру тармим карда шуд. Сокинон низ иқдом гирифтанд, ки бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи роҳҳои дохили кӯчаҳои деҳаро сангфарш намоянд. Ҳамчунин бо максади наздику қулай шудани роҳи кӯчаҳои маҳаллаи нави деҳа аз болои канали калони обгузар як кӯпрӯк бо дарозии 11 метр ва паҳнои 5 метр бунёд мекунанд, ки сохтмонаш бо маром идома дошта, то ҷашни 30- солагии Истиқлолият ба истифодабарӣ дода мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.