Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Наврӯзи ҳизбиён дар Хатлон

Наврӯзи ҳизбиён дар Хатлон

19-03-2020, 09:30
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯзи ҳизбиён  дар Хатлон Хатлон
Иқдомоти созанда

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии Ситоди марказии пешазинтихоботии ҳизбӣ 10 марти соли равон баён кард,ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гашт. Дар он раиси кумитаи иҷроия Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода вобаста ба вусъат бахшидани раванди корҳои ободониву созандагӣ ба хотири сазовор ҷашн гирифтани Наврӯз ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъонаифаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ супоришҳо дод.
Дар маҷлис зикр гардид,ки баргузории чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ, мусоидат дар ҳалли проблемаҳои маҳал, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, пешгирии амалҳои номатлуб ва ҳалли дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ азвазифаҳои имрӯзи ҳизбиён ва ташкилотҳои ҳизбӣ аст.
Наврӯзи ҳизбиён  дар Хатлон
Наврӯз ва соли шинохти арзишҳои миллӣ

Дар толори муассисаитаҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки аъзои ҲХДТ ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» вохӯрӣ доир шуд.
Зимни ин нишаст, зикр гардид, ки дар байни наврасону ҷавонон дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар баробари муҳит, мактаб саҳми оила низ басо бузург аст.
Баргузории чорабиниҳои васеъ бахшида ба ҷашни сазовори Наврӯз ба барномаи гиромидошти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (солҳои 2019-2021) мутобиқат намуда, бобати тарбияи насли наврас муҳим аст.
Дар суханрониҳо, инчунин, дар мавриди таълиму тарбияи ҷавонон, рушди одоби таҳаммулпазирӣ, рӯзгордорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, асосҳои оиладории навхонадорон,рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, чакандӯзию шерозадӯзӣ, пухтупази таомҳои миллӣ изҳори назар шуд.
Иқдоми ободкорӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати сазовор истиқбол намудани иди Наврӯзи байналмилалӣ корҳои ободонию созандагиро дар доираи Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «ҲХДТ муттаҳид месозад!»- ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони маҳаллаҳо ҳашар доир кард. Дар ин рӯз, бо кӯшиши аъзои ҳизб, фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинон роҳи маҳаллаи навбунёди маркази ноҳия ба масофаи як километр сангфарш карда шуд. Дар ин иқдоми нек, ки бо дастгирии аъзои навинтихобшуда ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия роҳандозӣ гардид, инчунин, кормандони маркази хизматрасонии техники ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
С. ЮСУФ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: