Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЧОЙ- РАМЗИ МЕҲМОННАВОЗӢ

ЧОЙ- РАМЗИ МЕҲМОННАВОЗӢ

9-09-2021, 10:17
Хабарро хонданд: 539 нафар
Назарҳо: 0
ЧОЙ- РАМЗИ  МЕҲМОННАВОЗӢ
Донишмандони рус маълумоти муфассалеро доир ба расму русуми мардумони Суриё, Урдун, Туркиё…дар китоби «Этикети мардум дар саргаҳи Осиё» ҷо додаанд. Таваҷҷўҳи каминаро навиштаи як нафар донишманд дар бораи урфу одати мардуми Туркиё ба худ кашид. Ман он навиштаро ин ҷо иқтибос меорам: «Дар Туркиё бори аввал бо касе рў ба рў шавӣ, ҳатмӣ туро ба хона таклиф мекунад ва мегўяд: «Чой тайёр, чӣ мешуд, ки як пиёла чой мегирифтед?» Дертар донишманди рус боз илова мекунад: «Ман медонам, ҳатто ў чойники чойҷўширо аз об пур накардааст ва ба рўи оташдон нагузоштааст, бо вуҷуди ин бо меҳр мегўяд: «Чой тайёр!» Чунин муносибат меҳмоннавозии мардуми Туркиёро нишон медиҳад.»
Баъди хондани чунин навишта меҳмоннавозии миллати азизам, мардуми тоҷик ба хотир расид. Ин мардум низ аз азал меҳмоннавоз аст. Ў вақти вохўрӣ бо меҳр мегўяд: «Чой тайёр! Як пиёла чой мегирифтед!» ё «Чой дам кунам!» Мардуми тоҷик дар вақти меҳмонӣ на фақат як пиёла чой, балки тамоми дороияшро дар сари дастархон мегузорад. Бегоҳ ба хотири меҳмон тамоми азизони аҳли деҳаро ба хонааш даъват мекунад. Дар сари дастархони пур аз нозу неъмат сўҳбат меороянд. Баъди гузаштани як шаб меҳмонро барои рафтан иҷозат намедиҳанд. Шаби дигар бо даъвати мизбонон меҳмони хонаи нафаре аз азизони аҳли деҳа мегашт. Боз оростани дастархон, боз даъвати азизони аҳли деҳ ва боз сўҳбате дар ҳар хусус. Чунин меҳмондорӣ чанд рўз идома меёфт.
Агар дақиқ назар афканед, этикети меҳмоннавозии мардуми Туркиё бештар паҳлўҳои иҷтимоӣ пайдо намудааст. Этикети меҳмоннавозии мардуми тоҷик бошад, ҳам тобиши иҷтимоӣ ва ҳам тобиши сиёсиро дар худ гунҷоиш додааст.
Дар тўли ҳазорсолаҳо аз аҷдодони гузаштаи худ барои мардуми тоҷик чунин тарзи меҳмоннавозӣ боқӣ мондааст. Баъди мубориза бо Искандари Мақдунӣ, Халифаҳои араб, Чингизхон…мардуми таҳҷоӣ бештар ба этикети меҳмоннавозӣ ва сиёсати таҳаммулпазирӣ рӯ оварданд. Чунин этикет ва сиёсат дар байни мардумони Балх, Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд ривоҷ ёфт. Мардум дар сахтиҳои замона бо такя ба русуми меҳмоннавозӣ ва сиёсати таҳаммулпазирӣ забони тоҷикиро нигоҳ доштанд. Аниқтараш, баъди тасарруфи аҷнабиҳо бо таъсири сокинони таҳҷоӣ забони коргузорӣ тағйир наёфт, яъне забони тоҷикӣ боқӣ монд. Дертар таъсири чунин муносибат бештар ба сокинони рустоҳои атроф гузашт ва то ҳозир амал мекунад. Чуноне ки шумо хуб медонед, дар давраҳои қадим дар байни мардуми деҳа рӯзнома, садо ва симо вуҷуд надошт ва онҳо аз ҳодисаҳои беруна бехабар буданд. Ҳангоми ворид шудани меҳмон онҳо аз хабарҳои беруна огоҳ мешуданд. Бо сабаби чанд рӯз меҳмондорӣ намудан бо аҳли деҳа бештар аз зиндагии меҳмон ва аз тарзи ҳаёти сокинони маҳаллаи он махфиёна маълумот мегирифтанд. Бо оростани дастархон ва бо муҳаббати зиёд ба меҳмон тарзи зиндагии ободи худро бар эшон ноаён муаррифӣ менамуданд.
Ҳамроҳи Авлиёпур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: