Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МОҲИҲОИ «ТИЛЛОИ»-И НОРАК ВА Ё НАРХИ ОСМОНИИ «ДУНГУ ДАВҲО»

МОҲИҲОИ «ТИЛЛОИ»-И НОРАК ВА Ё НАРХИ ОСМОНИИ «ДУНГУ ДАВҲО»

5-09-2018, 11:03
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
МОҲИҲОИ «ТИЛЛОИ»-И НОРАК ВА Ё НАРХИ ОСМОНИИ «ДУНГУ ДАВҲО»
Ба яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар доштем. Тасмим гирифтем, ки дар роҳ ҳатман дар ҷои фоҷеае, ки чанд ҷавони бадбахт ва ғафлатзадаи тоҷик даст ба террор зада, боиси марги 4 нафар сайёҳи хориҷӣ гардиданд, таваққуф кунем. Вақте ба ҷои ҳодиса расидем як гурӯҳ велосипедронони тоҷику хориҷиро дидем, ки субҳ аз ҷониби Душанбе ҳаракат намуда, ба хотири иштирок дар расми кушоди лавҳаи ёдгории велосипедронҳои кушташуда ба ноҳияи Данғара омада буданд.
Воқеан куштори сайёҳони хориҷӣ як ҳодисаи нангине буда, расму оини меҳмоннавозии тоҷикиро, ки ҳазорсолаҳо ин ҷониб байни дигар миллатҳо шуҳрати беандоза дошт, дар як лаҳза барбод дод. Моро пеши дигар миллату қавмҳо мунфаилу шарманда кард.
Баъд аз каме таваққуф кардану ба хотираи сайёҳони қурбоншуда арҷ гузоштан, бо табъи хира ва чеҳраҳои маҳзун сафар худро идома додем. Суҳбати мо дар роҳ ғолибан дар бораи рушди соҳаи сайёҳӣ ва индустрияи меҳмоннавозӣ буд. Соли 2018 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гашт, ки бояд ба рушди ин соҳа шароити мусоид фароҳам оварда такони ҷиддие диҳад. Барои рушди сайёҳӣ дар кишвари мо тақрибан ҳамаи шароитҳо фароҳам аст. Табиати зебо ва нодир, роҳҳо ва инфрасохторҳои муосири сайёҳӣ, анъанаҳои меҳмоннавозӣ, аммо…
Вақти бозгашт аз сафар ният кардем, ки дар шаҳри Норак (маҳаллаи Тутқавул), ҷои ба моҳипазӣ маъруф, ки сари шоҳроҳ қарор дорад, хӯроки шом хӯрем. Хеле кӯшиш кардем, ки ягон кати аз чангу дуди роҳ дуртар ва ба қавли мардум пусту палосаш тозатар пайдо кунем то роҳат бошем. Дар ҳамин ҳол ҷавоне бо номи Далер (то кадом андоза номашро дуруст гуфт кафолат намедиҳам) ҳозир шуд ва моро ба соҳили дарё, ки дуртар аз роҳ буд, ҳидоят кард. Бо умед аз думболаш рафтем. Моро аз дохили ҳавлие, ки дар саҳни он гову гусфандон парвариш меёфтанду ба атроф бӯи ғализаш паҳн мешуд ва ҳоҷатхонае, ки латтапорае ба ҷои дар хизмат мекард гузаронида назди кате бурд, ки болои об қарор дошт. Пешниҳоди аз ин беҳтар ки набуд, ноилоҷ рози шудем, то лоақал дуртар аз шӯру мағали сари роҳ хӯроки шом хӯрем.
Баъд аз чанд муддати интизорӣ ду нафар ҷавон дар даст лаълӣ пеши мо омаданд, ки дар яке нону чанд коса ҷурғоту хӯриш ва дар дигаре болои табақ моҳиҳои кӯчаки зирбонидашуда ва ба қавли худашон як табақ гӯшти «серка» буд. Вақте мо эрод гирифтем, ки танҳо моҳӣ хоҳиш карда будем, як нафараш «Ака, мо дига ира ай дег бардоштем» гуфту табақи гӯштро болои дастархон гузошта рафт.
Ростӣ баъд аз чашидани моҳиву гӯшт ба беҳунарии пазанда хеле «сано» хондем. Нони болои дастархон низ сарду сахт ва мағзаш хамирӣ буд, ки порае аз онро бо шӯхӣ «ба ҷои моҳичаҳое, ки мардум мехӯранд» гӯён ба мурғобиҳои лаби об тақдим кардем. Баъд аз фурсате магасҳо низ сари дастархони мо ба «меҳмонӣ» омаданд ва мо маҷбур шудем, ки ба зудӣ аз он ҷо бархезем.
Ҳангоми ҳисобӣ кардан дусад сомониро аз ҷайб бароварда интизори бақия шудам. Вале ҷавонмард бо тамасхур пулро баргардонида «ака, панҷсаду ҳафтод сомонӣ мешавад» гуфт. Ростӣ сахт ба шигифт омадем. Бо тааҷҷуб бори дигар пурсидем, ки шояд хато шунидем, вале ҷавоб ҳамон буд «панҷсаду ҳафтод сомонӣ!» Яке аз ҳамраҳони мо гиребонашро гирифт: «Дар тарабхонаҳои маъруфи Душанбе як зиёфат бо шаробу кабобаш ин қадар намешавад. Чӣ ту ин моҳиҳоро аз ҳавзи «Кафсар» овардӣ?»
Хеле баҳс кардем аммо суд надошт. Сари роҳ килои моҳиҳои хомро 25-30 сомонӣ мефурӯхтанду, инҳо тақрибан дусад сомон ҳисоб мекарданд. Арзиши ду табақча хӯриш, ки аз ду помидору ду бодиринг иборат буд 30 сомонӣ, як нони обгурехтаи нимхом 15 сомонӣ, гӯштбирён яксаду чанд сомонӣ. Вақте гуфтем, ки бовуҷуди хандаовар будани нархҳои гузоштаат ҳамаи ин беш аз чаҳорсад сомонӣ намешавад-ку, посухи аҷиб дод «Ин қадар дунгу дави моро ба ҳисоб намегиред».
Воқеан ин ҷавонон дар мардумфиребӣ то андозае густох шуда буданд, ки ба далелҳои пешовардаи мо пинаки чашмашон хам намехӯрд. Дигар ноилоҷ шудем ва талаб кардем, ки «чек» биёрад, вале ин бечора сарфаҳм намерафт, ки мо чи мехоҳем ва ҳатто намедонист, ки чунин қоида ҳам ҳаст. Баъд аз дубора ҳисоб кардану баҳси зиёд ба чаҳорсад сомонӣ қарор гирифтему, бо изтеҳзо «Хуш омаден. Ҳар вақт гузарен меҳмон шавен» гӯён хайру хуш карданд.
Оё мешавад бо чунин сатҳи хизматрасонӣ мо ба рушди сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ муваффақ шавем? Имиҷи ҷумҳуриамонро ҳамчун «кишвари сайёҳӣ» ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем? Ба гумон…
Баъд аз ин «хӯроки шом» ва «истироҳате», ки танҳо асабҳои моро хароб кард чанд суоле пайдо шуд, ки мехоҳам аз масъулини мақомти ҳокимияти давлатии шаҳри Норак посух бигирам.
Чаро ин ошхонаҳои ба қавле иборат аз «шипангчаҳо»-и безебу нороҳат, ки дар ҷои хеле хафвнок, сари шоҳроҳи мошингард қарор гирифтаанду ҳолати беҳдоштиашон хеле табоҳ аст, лоақал ба эҳтироми «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андаке таҷдид нашудаанд?
Оё имкон надорад, ки соҳибкорони маҳаллӣ ба ҷои ин шипангчаҳо чанд тарабхонаву қаҳвахонаҳои замонавӣ созанд, то сайёҳону мусофирон дар онҳо соате истироҳат карда, хастагии роҳро бароранд? Оё фурсати он нарасидааст, ки мо аз хизматрасонии пасти чунин ошхонаҳои сарироҳӣ, ки бо дуду чангашон ва хӯрокҳои пастсифаташон табъи мусофиронро хира мекунанд, даст кашем? Бубинед, ки дар ин ошхонаҳо як миқдор равғанро чанд бор барои зирбонидани моҳӣ истифода мебаранд, ки аз назари тиб низ комилан хатарнок аст ва метавонад боиси агезиши бемориҳое мисли саратон гардад. Бо вуҷуди он, ки моҳифурӯшон бо нидои маъмули «Ба номи Аллоҳ» қасам мехӯрданд, ки равғанашон «свежи» аст, кӣ кафолат медиҳад, ки ин равғанҳои борҳо «филтиршуда» ҷигари чанд мусофири бечораро афгор накардааст? Оё хадамоти беҳдоштии ноҳия моҳиҳои зери чангу хок дар сари роҳ ба намоиш гузоштаро намебинанд ва ба моҳифурӯшон намефаҳмонанд, ки истеъмоли ғизои дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарордошта мумкин нест?
Суоли дигар ин аст, ки оё намояндагии мақомоти андоз ва «Тоҷикстандарт» боре қадами муборакашонро ба ин ошхонаҳо нагузоштаанд, ки одитарин чизҳоро мисли ба мизоҷон додани «таомнома» ва расид (чек)-ро аз ин тоҷирони сари кӯча талаб кунанд?
Итминон дорам, ки ин «шикоят»-и ман ба гӯши масъулини мақомоти маҳаллии ҳоқимияти давлатии шаҳри Норак мерасаду баҳри ислоҳи ин камбудиҳо чора меандешанд. Вагарна айб аст, ки мо ин «мазҳака»-ро сари роҳи сайёҳони хориҷӣ ба тамошо гузорему онҳо ба фарҳангу суннати меҳмондории мо баҳои паст диҳанд.
Мутаассифона, бо вуҷуди таҳаввулоти ҷиддии солҳои охир дар бахши хизматрасонӣ ин гуна «ошхонаҳои сарироҳӣ» то ҳанӯз ҷо-ҷо дар минтақаҳои дигари кишвар низ ба назар мерасанд. Гумон мекунам вақти он расидаст, ки мо аз ин тарзи хизматрасонӣ дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон даст кашем. Нагузорем, ки чанд «қаллоб»-и манфиатҷӯ ва «пуштибонон»-и онҳо ба хотири пур кардани ҷайби худ обрӯву эътибори миллати озода ва меҳмоннавози моро барбод диҳанд.
Тасмим гирифтем, ки моҳе пас боз ба ин мавзеи табиаташ нодир ва зебо «меҳмонӣ» равем ва бо чашми худ бубинем, ки хизматрасонии он андаке беҳтар шудааст ё хайр…

Б.Ҳамдам
рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: