Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”

6-08-2021, 09:54
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”
Санаи 4-уми августи соли 2021 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба тарбияи ҷисмони ва варзиш, оммави гардонидани футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дусти миёни ҷавонон барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо МИҲД-и ноҳия ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия футболи хурд байни шаҳрвандони аз 18-сола боло, миёни дастаҳои ғайрикасбии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гузаронида шуд.

Мусобиқа аз руи Низомномаи тасдиқнамудаи КИМ ҲХДТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои “ Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” доир карда шуд , ки дар ин мусобиқаи варзиши 10 дастаҳои ғайрикасбии футбол аз деҳаҳои ноҳия байниҳам рақобат намуданд. Бояд гуфт, ки ин рақобати марҳилаи якуми бози барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” мебошад, ки дар ин бозии марҳилаи якум 4-даста ғолиб ва барои марҳилаи баъди роҳхат гирифтанд.

Мавриди зикраст, ки дар асоси низомномаи тасдиқшуда бозии футбол барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар чор марҳилаи интихоби гузаронида мешавад. Дар ин руз дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ марҳилаи якуми интихоби ҷамъбаст ва марҳилаи дуюми он тибқи муқарррароти низомнома то охири моҳи августи соли ҷори доир гардида, ғолибон барои даври баъди муайян карда мешаванд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар асоси дастури КИМ ҳизб, барои ғолибони даври ноҳиявии мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”, медалу ифтихорнома пешбини намудааст ва ғолибони даври ноҳиявиро туҳфаҳои арзанда интизораст.

Ҳоҷизода Саидвоҳид

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: