Мусобиқа барои Ҷоми ҲХДТ14-03-2019, 05:54
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мусобиқаи футбол гузаронида шуд. Мусобиқаи мазкур ба истиқболи 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон сурат гирифта, он миёни ҷавонон ва наврасони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия доир гашт. Дастаҳо барои соҳиб шудан ба Ҷоми ҲХДТ рақобат карданд. Дар даври аввал 31 даста аз деҳаҳои ноҳия байни ҳам рақобат намуда, 4 дастаи беҳтарин ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар бозии даври минтақавӣ дар Ҷамоати «Иван-Тоҷик» дастаи деҳаи Виткон ва деҳаи Ревомутк, дар Ҷамоати Лангар бошад дастаҳои футболбозони деҳаи Хайробод ва деҳаи Ярм ғолиб омаданд. Дар даври ноҳиявӣ дастаи деҳаи Виткон созовори ҷойи аввал, дастаи деҳаи Хайробод ҷойи дуввум ва дастаи деҳаи Ревомутк бошад ҷойи сеюмро касб намуданд. Ниҳоят, дастаи Виткон Ҷоми ҲХДТ-ро соҳибӣ карда, дастаҳои Хайробод ва Ревомутк низ бо тӯҳфаҳо қадр карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.