Татбиқи лоиҳа дар доираи созишномаҳои байниҳизбӣ14-01-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 459 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкориҳои байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Хитой дар доираи созишномаи ҳамкорӣ, ки чанд сол қабл ба имзо расида буд, густариш меёбанд.
Як сол қабл бо дастгирии ҲХДТ ва ҲКХ созишномаи сеҷониба миёни Ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан», Фонди сулҳ ва ҳамкории Хитой ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба расонидани кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми зиёда аз 300 ҳазор доллари ИМА ба имзо расида буд. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ маросими муаррифии татбиқи лоиҳа бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Юе Бин, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Б.Одинаев, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Н. Салимӣ, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ А. Ҳомидов, Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» А. Раҳмонзода ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид. Зимни муаррифии лоиҳа зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои техникии сеҷониба донишгоҳ акнун соҳиби синфҳонаҳои нави лингофонӣ, матбаа, синфхонаҳои лабораторӣ, компютерӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷию фаннии муҷаҳҳаз бо васоити муосири техникӣ гардид. Ин имконият медиҳад, ки сифати таълим дар ин даргоҳи илму маърифат боз ҳам беҳтар шавад. Бояд иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур дуюмин лоиҳае мебошад, ки дар доираи ҳамкориҳои байниҳизбӣ амалӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, як сол қабл дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин лоиҳа татбиқ гардида буд. ©А.Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.