Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳадафҳои стратегии миллӣ - омили асоси рушди иқтисодиёти кишвар

Ҳадафҳои стратегии миллӣ - омили асоси рушди иқтисодиёти кишвар

21-07-2021, 09:57
Хабарро хонданд: 120 нафар
Назарҳо: 0
Ҳадафҳои стратегии миллӣ - омили асоси рушди иқтисодиёти кишвар
Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сомон” дар назди Кумитаи маҳаллаи Суғдиён дарси кушод барои шунавандагони мактаби кадрҳои захиравии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир гардид. Дарси кушод аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муъмин Шарифзода гузаронида шуд. Дасри мазкур дар асоси Барномаи мактаби кадрҳои захиравии назди КИ ҲХДТдар вилояти Суғд барои соли 2021 дар мавзӯи “Ҳадафҳои стратегии миллӣ - омили асосии рушди иқтисодиёти кишвар” ба роҳ монда шуда, дар он 25 нафар шунавандагони кадрҳои захиравӣ иштирок намуданд.

Пеш аз оғози дарс шунавандагон аз шароити моддии донишгоҳ аз рафти корҳои сохтмонии биноҳои нотамоми таълимӣ ва маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст, бинои таълимии №2, маҷмааи варзишӣ ва осорхонаи донишгоҳ дидан карда, бо базаи моддиву техникии донишгоҳ аз наздик шинос гардиданд.

Сипас дар оғози дарс ректори донишгоҳ дар бораи тарбияи дурусти ҷавонону наврасон, дар замири онҳо ҷо кардани ҳисси ватандӯстӣ, содиқ будан ба халқу миллат, ташаккули мафкураи сиёсӣ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баремояд, изҳори назар кард.

Дар рафти дарс аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М. М. доир ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шунавандагон маълумот дода шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида аз он ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Қайд карда шуд, ки дар фосилаи ками таърихи давраи истиқлолият барои расидан ба ин ҳадафҳо корҳои зиёде анҷом гардид, ки бештари онҳо бевосита бо ташвиқ ва ё ташаббуси шахсии Пешвои миллат ва ҷасорату шаҳомат ва муҳаббати гарму ҷӯшон ба миллат анҷом ёфтааст, ки имрӯз кишвар аз ҳар рӯзи дигар бештар мешукуфаду ба дастовардҳои бузурги нав ба нав ноил мегардад.

Дар умум, аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М.М. ба шунавандагон доир ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал бо овардани факту рақамҳо дода шуда, аз ҳамаи иштирокҷиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳои стратегӣ бояд ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин самт бояд дар сафи пеш қарор гиранд.

Дар охир, аз ҷониби шунавандагон доир ба роҳҳои боз ҳам боло бурдани иқтисодиёти кишвар, ҷалби донишҷӯёну унвонҷӯён барои бурдани тадқиқотҳои илмӣ дар самти иқтисодиёт ва соҳаи энергетика ва монанди ин саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби ректори донишгоҳ ба саволҳои мазкур ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: