Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интихоби дуруст кафолати субот ва рушд аст

Интихоби дуруст кафолати субот ва рушд аст

26-02-2020, 14:25
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Интихоби дуруст кафолати субот ва рушд аст
Усмоналӣ Хайриддин Усмон соли 1967 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Латвия бо ихтисоси ҷомеашинос-тарҷумон ба фаъолияти омўзгорӣ ва пажўҳиши масъалаҳои иҷтимоӣ пардохт. Рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Техника ҳамчун падидаи фарҳангӣ» соли 1997 ва соли 2005 рисолаи докториашро дар мавзўи «Ҷанбаҳои иҷтимоию фарҳангии равандҳои трансформатсионӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» дифоъ кардааст. Соли 2011 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) Федератсияи Россия соҳиби унвони профессор аз рўи ихтисоси «фалсафаи иҷтимоӣ» гардид. Соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Усмонзода Х.У. дар вазифаҳои омўзгори калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, дотсент ва профессори ҳамин кафедра, мудири кафедра, сардори идораи робита бо созмонҳои ҷамъиятии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими илмии Пажўҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ҳамин пажўҳишгоҳ, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, на танҳо дар тарбия ва омода кардани мутахассисони соҳаи ҷомеашиносӣ, балки дар пешрафти илми иҷтимоишиносии кишвар хизмати шоиста анҷом додааст.
Мавсуф аз соли 2017 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият дорад. Дар ин муддат, бо ташаббус ва иқдоми ў дар донишкада факултаҳои санъати мусиқии мардумӣ, режиссура, кино ва телевизион, кафедраи низоми иттилоотии фарҳанг ва педагогика, инчунин, ихтисосҳои нави кинотелеоператор, низоми иттилоотӣ дар фарҳанг, менеҷменти муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ, драматургия, WEB-журналистика, бойгонии аудиовизуалӣ ва ѓайра таъсис дода шудаанд.
Тайи фаъолияти кории хеш дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҷомеашиносӣ нақши бориз гузоштааст. Таҳти роҳбарии ў 14 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Ба қалами ў 6 монография, 6 китоби дарсӣ ва 65 мақолаи илмӣ тааллуқ доранд, ки чун таълифоти арзишманд аз ҷониби олимони соҳа эътироф гардидаанд.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Ў иброз медорад, барномаи пешазинтихоботии худро дар заминаи ҳалли масоили муҳимтарину мубрам барои рушди боз ҳам босуръати кишвар омода кардааст:
-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувори мамлакат, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат-истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии кишвар ва ба ин васила, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ пайваста саъю талош менамояд.
Барномаи пешазинтихоботии ман аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб, ки шиори он «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» мебошад, сарчашма гирифта, он ба рушди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар нигаронида шудааст.
Аз ҷумла, дар барномаи пешазинтихоботии худ ҳалли масоили зеринро ҳадафи асосӣ қарор додам:
Дар самти таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ:
- пуштибонӣ аз субботу амнияти миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили асосии пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, болоравии нуфузи балналмилалии кишвар;
- дастгирии ривоҷи мафкураи низоми озмодашудаи давлатдории кишварамон ва вусъати ҷаҳонбинии илмӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа;
- пуштибонӣ аз таҳкими ваҳдату ягонагии тамоми сокинони мамлакат.
Дар самти татбиқи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:
- такмили санадҳои қонунгузории мамлакат дар самти пешбурди сиёсати мукаммали иқтисодӣ, азхудкунии оқилона ва истифодаи сарватҳои табиӣ;
- такмили санадҳои қонунгузории мамлакат дар самти ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ;
- таҳким бахшидани қонунгузории мамлакат оид ба баланд бардоштани шуѓлнокии аҳолӣ, тақвияти касбомўзӣ, новобаста аз синну соли шаҳрвандон;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои дастгирии солимии ҷомеа, ривоҷи ҳиссаи қишри миёнаи ҷомеа, татбиқи ташаббусҳои занон.
Дар самти рушди илм, маориф ва фарҳанг:
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»;
- такмил додани асосҳои ҳуқуқии ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани бахши фанҳои ихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пурра ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ;
- такмили санадҳои қонунгузорӣ барои ба таври тестӣ ва электронӣ роҳандозӣ намудани аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва ташкили китобхонаҳои электронӣ дар онҳо;
- таҳким бахшидани санадҳои қонунгузорӣ барои ба низоми нави мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот гузарондани тамоми зинаҳои таҳсилот ва бозомўзии устодон, таҳияи индикаторҳои аккредитатсияи миллӣ ва байналмилалии муассисаҳои таълимӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарондани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисосҳои онҳо;
- таҳияи санадҳои мукаммали меъёрии ҳуқуқӣ баҳри мусоидат ба такмили касбияти аҳли фарҳанг ва санъати касбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
- фароҳам овардани асосҳои қонунӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба беҳдошт, ҳифз ва густариши мероси моддӣ ва ѓайримоддии кишвар;
- мусоидат ба таъмини асосҳои ҳуқуқии рушди сайёҳии фарҳангӣ.
Дар самти сиёсати ҷавонон ва варзиш:
- такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти соҳаҳои гуногуни ҷомеа;
- таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати такмили механизмҳои дастрасии ҷавонон ба захираҳои ҷомеа баҳри амалисозии ташаббусҳои созанда дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои худфаъолиятии ҷавонон;
- такмил додани механизми ҳуқуқии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла истифодаи дастовардҳои навини илму технология бо мақсади баррасии саривақтӣ ва одилонаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, пуштибонӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.
- Дар сурати интихоб гаштанам ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ман тамоми кўшишу ѓайрат ва маҳорату малакаи худро барои амалисозии пурраи бандҳои барномаи хеш равона сохта, барои пешрафти Ватани азиз, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва мусоидат ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар кўшиш ба харҷ медиҳам, то саҳми боризи худро гузошта бошам,-иброз дошт дар анҷоми суҳбат Усмонзода Хайриддин Усмон.
Азамат ДЎСТОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: