Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ҲУШЁРИИ СИЁСӢ

17-09-2018, 08:18
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
ҲУШЁРИИ СИЁСӢ
Дар доираи нақша-чорабинии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон баргузор шуда истодааст. Рӯзи гузашта вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ бо сокинони маҳаллаи Тути калон ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқот доир намуд.
Дар мулоқоти мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат доштанд.
Сараввал, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади худ асосан дар бораи фаъолияти солонаи Маҷлиси намояндагон маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон доир ба дастовардҳои 27 соли даврони Истиқлолият суханронӣ намуда, иштирокчиёни вохӯриро ҷиҳати расидан ба қадри Истиқлолият ва саҳми арзанда доштан дар тараққӣ додани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ҳидоят намуд. Инчунин, оид ба вазъи оилаву оиладорӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии хонадоршавии хешовандӣ, талаботи қонунҳои кишвар “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан ронд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар баромади худ қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ бештар бо мардум наздик шудану фаҳмидани мушкиливу муаммоҳои онҳо, ҳамзамон то ба интихобкунанда расонидани дастовардҳои даврони Истиқлол маҳсуб меёбад. Мавсуф аз фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад, ёдовар шуда, афзуд, ки ин тадбир барои осон намудани мушкилиҳои сокинон қадами қатъӣ буд. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҳамаи вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ бо мардум мунтазам мулоқот доир месозанд. Ва чорабинии имрӯза идомаи мантиқии ин тадбири роҳандозишуда мебошад.

@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@@

Дар доираи ин вохӯриҳо мулоқоти интихобкунандагон бо вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Хуҷанд доир шуд. Гулбаҳор Назирӣ ҳамагонро бо ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, доир ба дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо коргоҳҳои саноатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва бунёди шаҳраку шаҳрҳои нав ҳарф зад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ доир ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, воқеият ва дурнамо сухан карда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои намоён ва шоиста ноил гардид. Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз дастовардҳои муҳими солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ қадамҳои муассир мегузорад». Зикр шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба баъзе мушкилоти ҷомеа кишварамон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Бунёди иншооти муҳим дар кишвар ва ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар охир миёни интихобкунандагон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ саволу ҷавобҳо баргузор гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: