Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СОЛИМИИ МОВУ ШУМО АЗ ҲИФЗИ ТАБИАТ ВОБАСТА АСТ

СОЛИМИИ МОВУ ШУМО АЗ ҲИФЗИ ТАБИАТ ВОБАСТА АСТ

7-07-2021, 16:42
Хабарро хонданд: 140 нафар
Назарҳо: 0
СОЛИМИИ МОВУ ШУМО АЗ ҲИФЗИ ТАБИАТ  ВОБАСТА  АСТ
Инсоният дар тамоми даврони мавҷудияташ аз аср ба асру аз насл ба насл барои беҳбудии рӯзгораш, ободии зиндагиаш кашфиёту ихтирокориҳо намуд. Автомобил, қатора, тайёра, чархбол ва киштӣ ихтироъ кард. Орзуҳои чандинсолаю чандинасрааш ҷомаи амал пӯшид. Наҳрҳою нақбҳо канд. Неругоҳои хурду бузург сохт. Барои озори ҳамдигар яроқу аслиҳаи қатли ом ҳам сохт.
Табиатро то андозае тавонист мутеи худ кард. Вале табиат ҳанӯз ҳам саркашиҳо дорад… Истеҳсоли теъдоди хеле зиёди автомобил боиси он гардид, ки обу ҳаво номусоид, иқлим тағйир ёбад. Вале иродаи матини одамизод азму ғайраташ барои зиндагии шоиста роҳу усулҳои нав ба навро ҷустуҷӯ дошту дорад. Ҳаракати автобусу троллебусҳо бо батарейкаҳои барқӣ, ихтирои батарейкаҳои офтобӣ барои пешгирии ифлосшавии обу ҳаво такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Афзоиши босуръати аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, рӯз ба рӯз афзун гардидани теъдоди автомобилҳо, ба дараҷаи даркорӣ набудани сатҳи маърифати экологии баъзе аз афроди ҷомеа, аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳони имрӯза аст.
Роҳбарони давлату ҳукуматҳои ҷаҳон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти экологӣ, роҳ надодан ба истифодаи аз меъёр зиёди маводи гуногунтаъсири кимиёвӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Махсусан, дар ин бобат, ташаббусҳои роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи тоза нигоҳ доштани оби тозаи ошомиданӣ боиси таҳсину офарин аст. Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар барои ҳифзи муҳити зист саъю кӯшиш кардани тамоми аҳолии ҷаҳон шарт, зарур ва ҳатмист! Махсусан масъулияти кормандони шуъбаҳои муҳити зистро баланд бардоштан, маърифати экологии мардумро боло бурдан, корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавзӯи экология ривоҷу равнақ додан зарур аст. Масоили дар боло зикрёфта мавзӯи меҳварии семинари омӯзишӣ, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати рӯзноманигорон доир гардид, маҳсуб меёфт. Семинари мазкур бо ибтикори «Ассотсиатсияи захираҳои барқароршавандаи Тоҷикистон» бо дастгирии сафорати ИМА доир гардид. Мутахассисони варзидаи ҳифзи муҳити зист оиди мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ибрози андеша намуданд. Онҳо дар бораи пайдоиш ва аҳамияти технологияи ҳозиразамон, аз ҷумла батарейкаҳои офтобӣ маълумоти саҳеҳ ва мӯътамад доданд. Гурӯҳи рӯзноманигорон бо ин таҷҳизоти муфид ва аз ҳар ҷиҳат манфиатовар ошно гардиданд.
Ҳамасола шинондани ҳазорҳо ниҳолҳои мевадиҳандаи ороишӣ, барқарор кардани ҷангалзорҳо нав ба нав барои ҳифзи муҳити зист кумаки калон хоҳад расонид.
Ҳотам РАБИЕВ, рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: