Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қадамҳои ҷиддии Ҳиндустон барои талош дар самти мубориза бо ифлосшавии муҳити зист

Қадамҳои ҷиддии Ҳиндустон барои талош дар самти мубориза бо ифлосшавии муҳити зист

11-08-2019, 13:54
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Қадамҳои ҷиддии Ҳиндустон барои талош дар самти мубориза бо ифлосшавии муҳити зист Ҳиндустон бо ваъдаи он, ки то соли 2022 ба истифодаи ҳама намуди зарфҳои пластикӣ дар кишвар хотима мегузорад, дар соҳаи мубориза бо ифлосшавии пластикӣ мақоми баландро дар ҷаҳон соҳиб гардид. Ин иқдоми бесобиқа барои мубориза бо ифлосшавии пластикӣ равона гардида, ҷараёни афзоиши онро якбора коҳиш медиҳад, ки аз ҷониби 1.3 миллиард нафар одамон ва корхонаҳо дар иқтисоди босуръатрушдёбандаи ҷаҳон ба вуҷуд омадааст.
Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зистро истиқбол намуда, онро оғози ҳаракати ҷаҳонӣ барои мубориза бо пластикҳо номид ва қайд кард, ки рушди босуръати иқтисодӣ дар Ҳиндустон метавонад сабз ва устувор бошад.
"Таъмин ва назорат кардани он, ки ҷустуҷӯи беҳбудии моддӣ муҳити иҳотакардаи моро зери хатар нагузорад, масъулияти ҳар яки мо аст" гуфт Модӣ. "Интихобҳои имрӯзаамон ояндаи умумии моро муайян мекунанд. Эҳтимол, ин интихоб душвор хоҳад буд. Аммо ман итминон дорам, ки бо огоҳии ҷомеа, технология ва пешвои ҳақиқии ҷаҳонӣ мо метавонем интихоби дурустро пеш барем. Пас биёед ба хотири ғалаба бар ифлосшавии пластикӣ муттаҳид шуда, якҷоя сайёраамонро макони зисти беҳтаре созем. ”
Бо ваъда додани "Ҳиндустони орзуҳои мо" ва изҳор намудани он ки пластика дар тамоми штатҳои Ҳиндустон то соли 2022 манъ карда мешавад, доктор Харш Вардхан, Вазири муҳити зист, ҷангалҳо ва тағирёбии иқлим Ҳиндустон мақоми устувори кишварро дар ҷаҳон тасдиқ кардааст.Қадамҳои ҷиддии Ҳиндустон барои талош дар самти мубориза бо ифлосшавии муҳити зист
Пас аз якчанд ҳафта рӯйдодҳо дар саросари кишвар, ки миллионҳо ҳиндустониҳо - шахсони мансабдори давлатӣ, шахсони машҳур, аз соҳибкорони калон тосоҳибкорони хурд, ихтироъкорон, экологҳо ва фаъолони ҷамъиятӣ умуман ҳамаи табақаҳои мухталиф барои муқобила бо ифлосшавӣ ҷамъ омадаанд, то дар муборизаи якҷоягӣ бо пластикаи зарраовар ба хулосаи ниҳоӣ биёянд.
Яке аз нишонаҳои рӯшани ҷашнҳои миллӣ ин қарори Сарвазир Модӣ дар бораи ҳамроҳ шудан ба маъракаи СММ-Муҳити атроф бо номи «Баҳри тоза» мебошад, ки ҳадафи он тоза кардани баҳр аз партовҳо аст. Сарҳади соҳили Ҳиндустон 7500 км дарозӣ дорад. Илова бар ин, дар доираи қарори мазкур, Ҳиндустон маъракаҳои минтақавиро барои мубориза бо партовҳои баҳрӣ ва инчунин як барномаи андозагирии “пайи пластикии баҳрӣ” дар обҳои соҳили Ҳиндустон ташкил хоҳад кард. Дар байни ин иқдомҳои созандаи Ҳиндустон дар самти тоза кардани кишвар аз партовҳо қайд кардан ҷоиз аст, ки дар шарики байни СММ-Муҳити зист ва Шӯрои Идораи Ҳиндустон оид ба "крикети сабз" ва инчунин ваъдаи озод кардани 100 макони таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоб аз партовҳо ҳамкории зич барқарор кардаанд. Илова бар ҳамаи ин иқдомҳои дар боло зикршуда, Ҳиндустон ҳалли инноватсиониро барои рафъи мушкилоти экологӣ пешкаш кардааст. Дар иёлоти ғарбии Маҳараштра як барномаи мобилии электронии шаҳрӣ барои мубориза бо партобҳои сиёҳ оғоз шудааст.
Таҳияи
Г. Мадимар

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: