Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастпарваре аз мактаби Пешво

Дастпарваре аз мактаби Пешво

7-07-2021, 16:38
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
 		Дастпарваре аз мактаби Пешво
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рӯз, моҳ ва солҳо сипарӣ мегарданду бисёр ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ, аз ҷумла ному насаб ва корнамоиҳою ҳиссагузории шахсиятҳои бузург баҳри рушду ободию осоиштагии диёр тадриҷан зудуда ё қисман фаромӯш мешаванд, ки ин бисёр падидаи номатлуб аст. Насли имрӯзаи моро зарур аст, ки аз гузаштаи худ ва аз гузаштагоне, ки баҳри зиндагии ояндагон ҷонбозиҳо кардаанд, бохабар бошанд.
Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми тоҷик аст, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардум ва хизмату ҷоннисориҳои фарзандони содиқи он муяссар гардид.
Худованди бузург фардеро барои наљот аз вартаи њалокати нестї ба сари ќудрати сиёсї овард, ки наҷотбахши ин халқи куҳанбунёд гашт. Тавонист ин миллати парокандаро ба ҳам орад, дар дилу дидаи мардуми ғамзада ҷо шавад, бо кӯшишу ҳидоятҳояш Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намояд ва баҳри ояндаи дурахшони мардум ҷоннисорӣ кунад.
Ин марди майдон, марди дорои ақлу заковати худодод, сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки вуҷудаш саршор аз садоқату муҳаббат ба халқу ватан аст.Њамин абармарди таърихи навини миллат аст, ки дар дили ҳар яки мо чароғи умед ба фардоро рӯшан нигоҳ дошта, мактаби бузурги сулҳофарию номусу нанг ва инсонпарварию ба пешвози ҳам омаданро ташкил намуда, роҳкушои садҳову ҳазорҳо насли баъдии миллат эътироф шуда, маъруфияти бузургро ба худ касб намуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар пайрави аз Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонмардони бонангу номус, ваҳдаторо, халқпарвару мардумшинос, хештаншиносу фидоии миллати тоҷик ба арсаи сиёсат дохил шуда, манфиати миллиро аз манфиати шахсияшон боло гузошта, дар барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ саҳми боризу намоён гузошта, то ба имрӯз ѓояњои ин мактаб ва анаънаи неки Пешвои муаззами миллатро бо сари баланд идома медиҳанд.
Сухан дар бораи яке аз шогирд, дастпарвари бузургу бонангу номус ва роҳбари оқилу хирадманд, дастпарвари мактаби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Саъдулло Бекназарзода меравад, ки ҳанӯз моҳи декабри соли1992 ҳангоми даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки роҳбарони давр аз уҳдаи идоракуни набаромада вазъи ҷиноӣ дар ноҳия хеле боло рафтаю куштору ғорат аз ҷониби гурӯҳҳои силоҳбадаст дар авҷ буд, масъулияти роҳбари ноҳияи Ёвонро ба дӯши худ гирифта, дар як муддати кӯтоҳ ба бесарусомониҳо хотима бахшида, гурезаҳоро баргардонида, корхонаҳои давлатии ноҳияро барои барқарор ва фаъолияти доимӣ роҳандозӣ намуд.Таҷрибаю зиракии сиёсӣ ва хиради баланду мардумшиносӣ барои Саъдулло Бекназарзода кумак намуд, то ӯ тавонист ситоди доимоамалкунандаи баргардондани гурезаҳоро ташкил намуда, беш аз 200 хонаи сӯхтаю валангоршударо шахсан бо роҳбари худ ва корхонаю ташкилотҳои ноҳия дар як муддати кӯтоҳ барқарор ва ба истифодаи гурезаҳои баргашта вогузор намояд,ноҳияи Ёвон аз беҳтарин ноҳияҳои кишвар буд, ки яке аз аввалинҳо шуда зиёда аз 15800 нафар гурезаашро аз маркази шаҳр ба ҷойҳои муқимияшон сафарбар намояд. Мардуми ноҳияи Ёвон ин садоқат ва халқпарварии раисро сахт дӯст доштанду сиёсати пешгирифтаашро самимона ҷонибдорӣ намуда, ба фаъолияти доимию корҳои саҳроӣ сафарбар шудаанд. Бисёр ҳолатҳо шоҳид будам, ки дар машваратҳои корӣ Бекназарзода Саъдулло ҳамкорон ва шогирдонро даъват менамуд, ки ҳамеша бо мардум бошанду барои ҳалли масъалаҳо ба пешвозашон биоянд.
Ана, ҳамин дастҷамъиву иттиҳод, мутташакилию якдигарфаҳмӣ асос гашт, ки 13 феврали соли 1993 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзоёни Ҳукумати ҷумҳуриву роҳбарони Фронти халқӣ “Рӯзи ёдбуд ва сулҳу дӯстӣ” баргузор гашт, ки барои боз ҳам таҳким ёфтани сулҳу субот, иттиҳоди миллӣ, ваҳдатороӣ, боварии ба якдигар ва Роҳбари давлат, ба пешвози ҳам омадани мардум нақши калон бозид. Баъд аз ин тамоми соҳаҳои таррақиёти хоҷагии халқи ноҳия бомаром ба фаъолият оғози пурра бахшид. Аввалин корхонаи калони саноатӣ--корхонаи коркарди пахта ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар арафаи соли нави 1994 корхонаи намаки “Экстра”, ки давоми шонздаҳ соли охир дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмонаш ба итмом нарасида буд, ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаҳои коркарди орд, равған, маҳсулоти хуроквори чорво ва ғайра пайиҳам ба кор шурӯъ намуда, иқтисодиёти ноҳияро афзоиш доданд...
Қомат афрохтани нимпайкараи Модар, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва номгузорӣ шудани гулгашту хиёбонҳо ба номашон шукӯҳу шаҳомати ноҳияро боз ҳам зебою дилрабо ва дилкашу диданӣ намуд.
Аз ҳисоби буҷети маҳал таъсис додани мактаб-интернат барои кудакони ятим, ташкил намудани хонаи пиронсолону барҷомондагон кори хайру савоб ва инсонпарварона буд, ки он рӯзҳо на ҳама аз ӯҳдаи чунин масъулияти баланд баромада метавонистанд. Беҳуда ҳам бузургон нафармудаанд;
То туро дод Худо давлату мулку ҳашаме, Боядат кард ба ҳар хаста нигоҳи караме. То тавонӣ зи дарат ҳоҷати муҳтоҷ барор, Бо даме, ё қадаме, ё қаламе, ё дираме!
Сиёсати кадрҳоро Саъдулло Бекназарзода дар мадди аввал қарор дода буд, зеро ӯ хуб дарк карда буд, ки маҳз кадрҳои ҷавону болаёқат метавонад барои рушд ва инкишофи тамоми соҳаҳои тараққиёти хоҷагии халқи ноҳия саҳмгузор бошанд. Аз ҳамин лиҳоз ба ҳайси муовини аввали раиси ноҳия муттахассиси варзидаи соҳаи обёрӣ ва кишоварзӣ Саидҷон Ғаффоров ва муовинони раис Абдуҷалил Кенҷаеву Имомназар Мирзоевро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Соати муайяни корӣ дар Ҳукумат вуҷуд надошт. Масъулият водор менамуд, ки барои ба эътидол омадани тамоми соҳаҳои тараққиёти хоҷагии халқи ноҳия соатҳои тӯлонӣ заҳмат бояд кашид. Ва ҳамаи ин заҳматҳо натиҷаи мусбат дод. Дар як муддати кӯтоҳ ноҳияи Ёвон дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳо пешрафта ва муваффақ гашт...
Моҳи майи соли 1993 баргузории 25-солагии нақби ноҳия бо иштироки ҳамаи роҳбарону муттахасисон ва меҳтарони соҳа барои беҳдошти замин ва шароити обёрии ноҳияҳои Ёвону Ҷомию Хуросон хизмати босазо намуд. Ҳамчунин, моҳи августи соли 1994 баргузории ҷашни бошукӯҳи 60-солагии ноҳияи Ёвон бо иштироки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гашт, ки дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашн дар ноҳия бисёр корҳои ободонию бунёдкорӣ ба сомон расонида шуданд. Истеҳсолот боло рафт. Шароити зисту зиндагии мардум ба қадри кофӣ баланд шуд. Вазъи соҳаи маорифу фарҳанг муътадил гашта, давомоти хонандагон пурра таъмин гашт. Бо ташаббуси раиси ноҳия Бекназарзода Саъдулло роҳкирои омӯзгорону фарҳангиён дар нақлиётҳои давлатӣ ройгон ба роҳ монда шуд. Аввалин китобҳои “Аз Кушон то Ёвон”, “Ашки субҳ” доир ба таърих ва аҳли шеъру фарҳанги ноҳия ба дасти чоп расид, осорхонаи ноҳиявӣ барқарор шуда, шоир ва муттахассиси дараҷаи олӣ Убайдуллои Ширин роҳбараш таъйин шуд...
СаъдуллоБекназарзода давоми солҳои 1992--1999 сарварии раиси ноҳияи Ёвонро ба уҳда дошт, ки бо хизматҳои содиқонааш тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, кишоварзию саноат, нақлиёту энергетика ва ғайраро солим гардонид, ки ин фаъолияти самаранокаш ба даҳсолаҳо ва аз он ҳам зиёд баробар аст...
Хизматҳои софдилонаи Бекназарзода Саъдулло аз назари роҳбарияти олии кишвар берун намонд ва ӯро ба яке аз ноҳияҳои қафомондаи кишвар-ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳайси раиси ноҳия таъйин намуданд. Мардуми ноҳияи Ҷомӣ то имрӯзҳо фахру ситоиши устод Бекназарзода Саъдуллоро мекунанд, ки то чӣ андоза халқпарвару мардумшинос буданд ва барои пешрафт ва беҳдошти обёрии заминҳои ботлоқзор ва шӯроби ноҳия хизматҳои шоён намуданд, ки ин боиси фаровонҳосилии заминҳои кишоварзӣ мегашт ва ин мактаби бузург то ба ҳоло давом дорад. Маълум аст, ки рӯди Вахш аз сатҳи замини ноҳияи Ҷомӣ қариб 17 метр баланд ҷойгир мебошанд ва хоҳ нохоҳ ин таъсири манфии худро мерасонанд. Ҳамасола ҳама ҷӯйбору заҳкашҳо дар асоси супориши раис бо тракторҳои пуриқтидори экскватору хундайҳо тозаю солим гардонида мешуданд...
Давоми солҳои 2006--2013 Саъдулло Бекназарзода дар вазифаи пурмасъулият, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ифои вазифа намуда, соҳаи кишоварзии вилоятро ба сатҳи баланд бардошт. Маҳз дар давраи роҳбарияш содироти маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба беруни кишвар рушду равнақ ёфт. Шароити деҳқонон зинае боло рафт. Ҳамарӯза ба деҳқонон талқин менамуд, ки;
Рӯзи насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиёб зи пайи обу дона рафт...
Заҳмати ҳалолу серталабии Бекназарзода Саъдуллоро дида, соли 2013 ӯро раиси Ҳукумати ноҳияи Қубодиён таъйин карданд. Бояд гуфт, ки дар як муддати кӯтоҳ тамоми соҳаро ба нуқтаи баланд бардошта, ноҳияро ба яке аз ноҳияҳои пешқадам табдил дод.
Айни замон Саъдулло Бекназарзода сардори филиали муассисаи давлатии муҳофизати растанӣ ва химиконии вилояти Хатлонро ба зимма доранд.
Ана, ҳамин ҳақиқат аст, натиҷа ва самараи мактаби бузурги Пешвои муаззами кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардум васфаш мекунанд ва нисбати шахсиятҳои маъруфи кишвар ва хизматҳои ба сомон расонидаашон бетараф нестанд...
Фаъолияти пурсамару содиқона, заҳматҳои созандаву бунёдкоронаи фарзанди бонангу номуси миллат Саъдулло Бекназарзода, ки то ба имрӯз давом дорад аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ карда шудааст.
Фидоии ин Ватану ин миллат будан барои ӯ ифтихор аст. Он коре, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона мешавад, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ шудаву боиси сарфарозист. Ин мукофоти халқ аст.Бо мардум ҳамрозу ҳамақида будан, дар мувофиқа бо ӯ фаъолият намудан, беҳтарин дастовард ва муваффақияту сарват аст, мегӯяд Саъдулло Бекназарзода. Бале, ҳақ бар ҷониби Шумост, ки ин гуфтаро амалӣ кардаед.
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.


Имомназари Каримиён
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: