Сарвазири Узбекистон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад9-01-2018, 11:17
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Душанбе меояд Гуфта мешавад, ки дар ин сафар сарвазири Узбекистон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дидор ва мулоқот мекунад. Зимни дидору гуфтушунидҳои ӯ бо шахсони расмии Тоҷикистон масъалаҳои омодагии сафари расмии кишвардори Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки аввали фасли баҳор дар назар аст, баррасӣ мешаванд. Дар баробари ин, дар ҷараёни сафари Орипов ба Душанбе масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар, суръат бахшидан ба ҳаллу фасли масъалаи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳснок дар марз баррасӣ хоҳад шуд. Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 6-уми январ хабар дод, ки кишвари ӯ бо давлатҳои ҳамсоя муносиботи хуб ба роҳ мемонад. "Зеро ҳеҷ ҳамсояи бадро пас аз марг касе намебахшад" - гуфтааст Мирзиёев. Ҳамчунин, раисҷумҳури Узбекистон эълом карда, ки барои сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад ва дар ин росто нахуствазири кишвар Абдулло Орипов ба наздикӣ ба Душанбе меравад. "Мо қарордодҳои зиёде ба имзо мерасонем, роҳҳои оҳанро боз мекунем ва хатҳои барқро аз нав васл мекунем. Дигар масъалаҳои зиёдеро баррасӣ мекунем" - хабар дод Шавкат Мирзиёев. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.