
Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20180227/1024868763.html
Барои рафтуомади бераводиди шаҳрвандони марзнишини Узбtкистон ва Тоҷикистон гузаргоҳи марзии “Ойбек” боз шудааст, хабар медиҳад шабакаи телевизюнии “Ӯзбекистон-24”.
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Узбакистон, ки дар шаҳрҳои Оҳангарону Бекобод ва ноҳияҳои Бекобод, Пскент, Оҳангарон ва Бӯка дар вилояти Тошканд зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз гузаргоҳи марзии “Ойбек” ба Тоҷикистон сафар кунанд.
Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ноҳияҳои Ашт, Масчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз ин гузаргоҳ ба қаламрави Узбакистон ворид шаванд.