Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рӯзҳои наздик дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон шиддатёбии вазиши шамол ва тӯфони чангу ғубор дар назар аст

Рӯзҳои наздик дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон шиддатёбии вазиши шамол ва тӯфони чангу ғубор дар назар аст

21-06-2021, 09:04
Хабарро хонданд: 122 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои наздик дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон шиддатёбии вазиши шамол ва тӯфони чангу ғубор дар назар аст20-21 июни соли равон дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 20-25м/с дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора дирӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳавошиносон шиддатёбии шамолро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Гулистон, Кӯлоб ва Ҳисор пешбинӣ мекунанд.

Дар робита ба ин КҲФ ва МГ аз сокинони ноҳияҳои Панҷ, Ховалинг, Рӯшон, Файзобод, Лахш ва Ёвон низ даъват ба амал овардааст, ки эҳтиёткор бошанд. Дар деҳоти Панҷи Поён, Айвоҷ, Эсанбой, Санглоқ, Бӯстонобод, ағбаҳои Чормағзак, Анзоб ва Шаҳристон низ вазиши шиддатноки шамол дар назар аст.

КҲФ ва МГ дар бораи эҳтимолияти тӯфони чангу ғубор ҳушдор дод.

Бино ба шарҳи Кумитаи мазкур, шамоли шиддатнок метавонад ба хатҳои барқ хисорот расонад, ки боиси қатъ шудани он ​​дар нуқтаҳои аҳолинишин, фурӯ рехтани иншооти номустаҳкам, боми биноҳо ва афтодани дарахтон гардад.

КҲФ ва МГ аз сокинони минтақаҳо даъват ба амал овард, ки ашёи рӯзгорро аз ҳавлӣ ва балконҳо дур кунанд, дарахтони хушкро буранд, мошинҳоро аз иншооти ноустувор дуртар нигоҳ доранд ва агар имкон бошад, онҳоро дар гаражҳо гузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: