Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад

ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад

22-08-2018, 08:47
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад
Тавре аз ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон ба хабаргузории "Ховар" хабар додаанд, дар Тоҷикистон ҳаво якбора то 5-7 дараҷа паст мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар водиҳои вилояти Суғд пастшавии ҳарорат то 10 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол аз самти ғарб аз 15-20 то 25 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бошад, чангу ғубор ба амал меояд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5+10 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 19-24 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +31 + 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи кам абр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +17 +22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво кам абри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шабона +19+21 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: