ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кишвар борон ва дар баландиҳои 2500 м барф меборад18-10-2017, 09:23
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд аз тарафи шимолу ғарб вазиши сахти бод то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар бархе ҷойҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзамон ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорати рӯзона паст гардида, ба 8-13 дараҷа мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Имрӯз, 18 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 18-23 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо ҳарорат паст гашта, рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрию боронӣ пешгӯӣ менамоянд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати он дар баъзе ноҳияҳо ба 18-23 метр дар як сония мерасад. Дар баландиҳои 2500 м борон ба барф мубаддал мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 13-18 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 17-22 дараҷа мерасад. Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб аз 2-7 то 10-15 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.