Гӯруғлишиноси тоҷик 80-сола шуд27-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ бо дастгирии раёсати Академияи илмҳои ҶТ бахшида ба 80-солагии фолклоршиноси тоҷик, ходими пешбари шӯъбаи фолклори Пажӯҳишгоҳ, Салоҳиддин Фатҳуллоев маҳфили илмӣ баргузор гардид. Салоҳиддин Фатҳуллоев аввалин фолклоршиноси тоҷик аст, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши эпоси « Гӯрғулӣ» ва ё ба истилоҳи дигар «Гӯрзод» даст задааст ва гуфта мешавад, нахустин таҳқиқ доир ба «Гурғулӣ» дар фолклори тоҷик ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Эшон на танҳо дар таҳқиқи эпоси мазкур муваффақ ҳастанд, балки зиёда аз 56 соли умрашонро барои омӯхтан ва мустаҳкам нигоҳ доштани Ганҷинаи фолклори тоҷик бахшидаанд. Дар маҳфил олимони соҳаи адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик иштирок ва баромад намуданд. Сухани ифтиттоҳиро ҷонишини директори Институт, доктори илмҳои филологӣ Ҳоким Қаландаров шуруъ карда, баъдан олимони соҳаи фолклоршиносӣ номзади илмҳои филологӣ, фолклоршинос Дилшод Раҳимов, дар мавзӯи « Саҳми устод С. Фатҳуллоев дар гӯрғулишиносии тоҷик», Рӯзӣ Аҳмадов дар мавзӯи « Нақши Фатҳуллоев дар Ганҷинаи фолклори тоҷик» ва дигарон дар мавзӯъҳои мухталиф баромад намуданд. Зикр гардид, ки С. Фатҳуллоев соҳиби чандин мақолаҳои илмӣ, китобҳо ва ҳамчунин луғатномаҳо низ ҳаст, ки барои муҳаққиқони минбаъда ҳамчун сарчашмаи илмӣ истифода мешаванд.
Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.