Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АМАЛИ НЕКАШ ӮРО ЗИНДА МЕДОРАД

АМАЛИ НЕКАШ ӮРО ЗИНДА МЕДОРАД

6-06-2021, 10:52
Хабарро хонданд: 85 нафар
Назарҳо: 0
     АМАЛИ НЕКАШ ӮРО ЗИНДА МЕДОРАД
Дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7- и деҳа ба номи омӯзгори асил, сиёсатмадори варзида Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров гузошта шуд.
Дар маъракаи номгузорӣ раиси ноҳия Фаррух Додхудоев оид ба зиндагинома ва фаъолияти хизматии зиндаёд Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров ҳарф зада, қайд кард, ки зикри неки гузаштагон аз амали хайри будагон дарак медиҳад. Номи накӯи мардони лоиқи замон ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ намеравад, устод Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров аз қабили фарзандони барӯманди диёрамон буданд.
Нахуст устоди таълимгоҳи олӣ, баъдан муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кард.
Дар чорабинии номгузорӣ муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода номаи шодбошии раиси ВМКБ-ро роҷеъ ба номи Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров гузошта, мактаби зодгоҳ ва дар саҳни мактаб гузошта шудани нимпайкараи зиндаёдро хонда, ҳамкорону шогирдон, пайвандони марҳум ва омӯзгорони таълимгоҳро ба ифтихори ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфт.

Найри Аъзам





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: