

Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар қатори 12 расонаи давлатву хусусӣ, ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Минбари халқ”-ро низ, барои касбияти баланди рӯзноманигорӣ, саҳми арзанда дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ тавассути восити электронии ахбор, ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, инъикоси беғаразона ва воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа, риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва садоқат ба Ватан бо Сипоснома сарфароз гардонид.
Инчунин, чанд нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ барои саҳми арзанда дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо Сипосноамаи ҲХДТ қадр карда шуданд.