
Ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд, таҳким бахшидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои ҷомеаи дунявӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибитидоии ҳизбии “Ҷамоати Зиракӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Зиракӣ” Ҳакимов Ҷамшед иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Файзуллев Алишер суханронӣ карда, изҳор намуд, ки барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми шарифи мамлакат сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузурганд ва тарғибу тарғибу ташвиқи суҳпарваронаи тоҷикон яке аз ҳадафҳои аслии мо мебошад.
Дар навбати худ Ҳакимов Ҷамшед гуфт, ки дар марҳилаи имрӯза ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ки ғояи давлати миллиро дар миёни мардум, махсусан, миёни ҷавонон ва занон ҳамаҷониба талқин намоянд ва арзишҳое чун, садоқат, адолат, виҷдон ва номус бояд ҳамрадифу ҳаммаънои фаъолияти ҳамарӯзаи мо ҳизбиён бошад.