Ворух Дар ҳеҷ давру замон анклав набуд6-05-2021, 12:13
Хабарро хонданд: 768 нафар
Назарҳо: 0
Адиби номвар Муҳаммад Ҳиҷозӣ дар китоби худ “Ҳазор сухан” баён доштааст, ки бояд аз гармиву нури офтоб неруе бештар гирифт, то он дар сардиву торикӣ ба кор ояд. Ҳикмати ин гуфтаҳо он аст, ки мо бояд аз буду набуди зиндагӣ сабақ гирем. Аз накуи кардагон ибрат гирему аз бадиро раво дидагон дурӣ ҷӯем. Низои марзии чанд рӯз ин ҷониб дар қисматҳои сарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон рух дода, ба ҷузъ оҳу ҳасрат, ашки талхи модарону хоҳарони ҳар ду тараф паёмади дигаре нагузошт. Низоъ ҳаргиз роҳи ҳал нест ва нахоҳад буд. Зеро таърих исбот намудааст, ки ҷанг яъсу навмедӣ, харобиву залилиро ба бор меорад. Онҳое, ки оташи бадбиниро аланга доданд, аҳримансифатоне мебошанд, ки барояшон ҷанг болотар аз ҳама манфиатҳост. Бубинед, ҳосили ҷанг чӣ ба бор овард? Куштаву захмибардошта, даҳҳо хонадон тарки манзил намуда, фарзандони бегуноҳ аз таълиму тарбия дур монда. Таассуфовар он аст, ки рӯҳияи насли наврас шикаста гардид. Тухми бадбинӣ, нотавонбинӣ пошида шуд. Дар ин рӯзҳои мушкил бояд ҳар як фард дар мизони андешааш ҳосили амалкардаашро таҳлил кунад. Аммо дар ҳамин шабу рӯзи барои ҳар ду миллат мушкил зиёд иғвоҷӯён мехоҳанд, ки оташаки ҷанги хомӯшгашта аз нав аланга гирад. Бо вуҷуди он, ки санаи 1 май дар сатҳи ҳар ду давлат гуфтушунид оид ба оташбас ва муаяйкунии марзҳо сурат гирифта, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки неруҳои ҳарбиро ба ҷои пештараашон баранд, як идда ҳамкасбони ҳамсоякишварамон мехоҳанд, ки дар “Ҷанги иттилоотӣ“” пирӯз шаванд. Махсусан сомонаи хабарии 24.kg бо пахши хабарҳои бардурӯғ ва бепоя ҳаводисро яктарафа баҳогузорӣ менамоянд. Аслан ду ҳафта қабл аз ин ҷанги бемаънӣ дар ҳамин сомона муроҷиати мактаббачаеро ба номи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборовро мутоила карда будам, ки ин наврас аз Президент хоҳиш намудааст, ки ба онҳо кумак намоянд, то аз ҳамсояҳои тоҷикаш ба қавле “озод” шавад. ӯ менависад: “Ба кӯча баромадан, ба мактаб рафтан метарсам. Волидонам мегӯянд, ки аз тоҷикон эҳтиёт шавам”. Акнун худ қазоват кунед, то кадом андоза ҳиси бадбинии халқро ин гуна “дӯстдорони миллат” нисбат ба тоҷикон зиёд гардонидаанд. Ин усули паҳннамоии иттилоот воқеан ҳам нафрати халқро зиёд мекунад, ҳол он ки тоҷикону қирғизон солҳои сол бар ба бари якдигар зиндагии оромона доштанд. Ё худ коршиноси масоили сиёсии ин давлат Эмил Ҷӯраев ба ҷои он ки халқашро ба сулҳу субот ва оромӣ даъват кунад, мегӯяд: “Онҳо, яъне мардуми одӣ гиря доранд, онҳо бесилоҳанд, вале барои ҳимояи хонаву манзилашон тайёранд, ки бо калтаку санг бархезанд, аммо роҳбарони тоҷик бо боварӣ барои халқаш силоҳ додаанд, то худашро дифоъ кунанд”. Ин коршинос бо боварӣ мегӯяд, ки бояд халқ хезад ва ба сулҳу оташбас бовар накунанд. Барои ҳар як ваҷаб замини бобоӣ мубориза баранд. Бо боварии том гуфтанием, ки сабаби сар задани низоъ миллӣ ҳосили таблиғи муғризонаи ҳамин гуна иғвоҷӯён ва дасисабозон мебошанд. Мушкилии марзие, ки имрӯз ҳар ду миллат барои ҳаллаш солҳои сол саъю талош меварзанд, наметавон бо зӯргӯиву қудрат мурод ҳосил намуд. Ҳамсоягони мо бояд дарк кунанд, ки назари як нафар назари миллату давлат шуда наметавонад. Сабукфикрӣ, осемасарӣ, беандеша сухан гуфтан фарҷоми хуб надорад. Инро метавон дар мисоли ҷамоати деҳоти Ворухро анклав эълон кардану даъвои онро ба тобеияти Қирғизистон ворид кардан гуфт. Деҳаи Ворух ҳазорсолҳост, ки чун минтақаи тоҷикон дар осори гаронмояи адибону таърихнигорон омадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар мулоқот бо фаъолони вилоят дар ҷамоати деҳоти Ворух баён доштанд, ки “Ҳалли масъалаҳои марзӣ муҳлат мехоҳад ва бо эҳсосот ҳал намешавад”. Ва ҷои дигар таъкид доштанд, ки “Дар давоми 19 соли музокирот бо Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаи иваз кардани Ворух бо дигар қитъа вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад”. Дар иртибот ба ин мавқеи мустаҳками Роҳбари давлат раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ изҳори назар карда, қайд кард, ки ҳалли ин қазия ҳоли ҳозир хеле душвор аст ва он танҳо дар чаҳорчӯбаи гуфтушуниди ду давлат бояд сурат гирад. Ҷониби Тоҷикистон ҳаргиз хостгори гирифтани замини ҳамсоягон нест ва дар навбати худ намегузорад, ки як ваҷаб замини кишварашро дигарон гирад. Дар ҳеҷ давру замон Ворух анклав набуд ва нахоҳад шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат хоҳони сулҳу амният дар минтақа ҳастанд. Ва хоссатан бо ҳамсоягони худ эҳтироми ҳамсоядориро болотар аз ҳама манфиатҳо медонанд. Ва ҳатто дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Суғд таъбири халқии “Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ”-ро мисол оварданд. Дар раванди гуфтушунидҳо доир ба ҳалли марзӣ ҷониби Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Сарвари давлат масъулини кишвар ҳамеша таҳаммулгароиро пеша мекарданд. Воқеан ҳам, баҳси ҳудудии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мисоли ноҳияи Исфара пас аз фурӯпошиии давлати бузурги Шӯравӣ авҷ гирифт. Дар ин ноҳияҳои марзӣ ҷанҷоли аҳолии тоҷику қирғиз барои об, ҳезум ва дигар чизҳо сар мезанад. Баъзан мешавад, ки аҳолии минтақаи Тоҷикистон ниҳолҳои мевагӣ мешинонанд, аммо субҳи рӯзи дигар аз онҳо осоре намеёбанд. Далели гуфтаҳои болоиро ҳодисаи баҳори соли гузашта, ки чанд нафар сокинони ҳаммарзи қирғиз майдони боғоти хоҷагии «Чоркӯҳ»-ро решакан карданд, мебошанд. Пирамардони деҳаи Хоҷаи Аълои Чамоати деҳоти Чоркӯҳ нақл мекунанд, ки ҳамасола дар оғози фасли баҳор, вақти киштукор ҷанҷоли об байни қирғизону тоҷикон сурат мегирад. Қирғизон мехоҳанд, ки сарбанди оби дарёи Исфараро баста даштҳои лабташнаи мавзеи “Самарқандак”-ро шодоб намоянд. - Оре, ду сол қабл оғози баҳор хеле гарму хушк омад. Заминҳои киштшуда беоб монданд. Кӯчатҳои помидор хушк шуданд, - мегӯяд сарвари хоҷагии деҳқонии "Чилгазӣ"-и шаҳри Исфара Абдурасул Расулов, ки қитъаҳои замини хоҷагиашро аз дарёи Исфара шодоб мекунад. Воқеан марз чунон нодуруст тақсим шудааст, ки ҳатто хонае мавҷуд аст, ки нисфи он то ба як марз дахл дораду нисфи дигараш ба марзи дигар кишвар, ин боис мешавад, ки мардум сари сарҳади манзилаш, об ё чаронидани мол бо ҳамдигар баҳсу мунозира намояд, - мегӯяд Замириддин Давлатов, як тан аз сокинони Ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки аввалин ангезаи низоъ байни қавму миллатҳо дар даврони Шӯравӣ маҳз аз ҳамин минтақа сар зада буд. - Он солро хуб дар хотир дорам, баҳори соли 1990 буд,-мегӯяд Муллобаҳодур Умаров, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷанҷол аз барои об байни сокинони деҳаву қирғизон аланга гирифту он ба афту дарафт бадал шуд. Кор то ҷое расид, ки аз худи Маскав муовини раиси кумитаи амнияти ИҶШС ва роҳбарони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ташриф оварда, сокинони ҳар дутарафро ба оромӣ даъват карданд. Он айём айнан чунин ҳолат дар Гурҷистон низ ба мушоҳида расид. Баъд шоири тавонои миллат Бозор Собир дар сӯгвории қурбониёни гурҷӣ шеъре эҷод карда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки чунин ҳолат ба беҳурматӣ нисбати миллати соҳибтамаддуни мо низ ҷой дорад. Масалан мардуми меҳнатдӯсту ободкори Исфара бо домани худ санги кӯҳдоманро чида, замину боғ бунёд мекунанд, вале баъди ба ҳосил даромадани ин боғу заминҳо қирғизҳои ҳамсоя ба онҳо даъвои соҳибӣ мекунанд. Мисоли барҷаста он аст, ки дар деҳоти Чоркӯҳ мавзе аст, ки мардум он ҷо рафта, тавассути қуми ин ҷо худро муолиҷа мекунанд. Аммо як соли охир сарҳадбонони қирғиз ин минтақаро моли худ намуда, барои омадани шаҳрвандон монеагӣ эҷод карданд. - Агар касе аз маркази шаҳри Исфара то деҳаи Ворухи баландкӯҳ рафтанӣ шавад, ҳатман се ҳудуди марзии ҳамсоякишварро убур мекунад. Ҳолате низ шуда буд, ки роҳи асосии байни ҷамоати деҳоти Сурхи Тоҷикистон ва Қаробоғи Қирғизистон аз ҷониби ҳукуматдорони қирғиз баста шуд. Он гоҳ аҳолии беш аз 100 ҳазор нафараи ин минтақа дар ҳолати ногувор монданд. Лозим омад, ки аз болои дарёи Исфара пуле бунёд кунад, то аз ҳудуди ин ҷамоати қирғизнишин нагузаранд,-мегӯяд сокини деҳаи Чоркӯҳ Аҳлиддин Ҷӯраев. Директори кулли осорхонаҳои кишваршиносӣ ва ёдгориҳои таърихию меъмории шаҳру ноҳияи Исфара Абдуманнон Рауфов дар як мусоҳибаи худ иброз медорад, ки мавзеи Оқсой, иборат аз 700 га яке аз манотиқи баҳсталаби марзӣ маҳсуб мешавад. "Мувофиқи тақсимоти нодурусти солҳои 50-уми садаи XX 300 гектари ин мавзеъ ба деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон ва 400 гектари боқимонда ба ҳудуди деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара шомил гардид. Ҳол он ки мавзеи мазкур таърихан замини тоҷикон аст. Номи ҷуғрофии маҳаллӣ атроф ва кӯҳҳо далели ин гуфтаҳост. Масалан, кӯҳи Сари Сот калимаи санскритӣ буда, маънояш таҷассумкунандаи об мебошад, деҳаи Ворух бошад, маънии селгири калонро дорад." Ин фикри Рауфовро нависанда Додохони Эгамзод тақвият дода, чунин мешуморад, ки ин мавзеъҳо таърихан макони тоҷикон буда, тақсимоти нодуруст боиси маҳрум шудани онҳо аз заминҳои аҷдодӣ гардид: "Мавзеи Тангии Ворух, ки имрӯз дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад, таърихан замини мост. Инҳо ҳамон қирғизҳое ҳастанд, ки як замон чун даҳмарда моли тоҷиконро бонӣ мекарданд. Ва мардуми бумӣ, яъне тоҷикон ба хотири ранҷи роҳ накашидан ба онҳо иҷозат дода буданд, ки хонаи муваққати созанду оилаашонро наздашон оранд. Тақсимоти нодурусти Шӯравӣ дар он буд, ки ин мавзеи муқаддаси тоҷиконро ба зердастони онҳо дод". Аҳолии қирғизи ин минтақа имрӯз бо мушкилоти калон рӯбарӯ ҳастанд. Ойгул Турғунова, сокини деҳаи Оқсойи Қирғизистон чунин мешуморад, ки ҳукумати Қирғизистон воқеан ба аҳолии ин минтақа беаҳамият аст. "Мо мешунавем, ки дар марказ боз ягон воқеа ё гирдиҳамоӣ рух додаааст, дар мо гӯё ҳар рӯз ҳукумат нав мешавад, аммо ғами мардуми дур аз марказро ягон кас намехӯрад". Аз соли 2013 Созмони Миллали Муттаҳид барои барҳам додани баҳсҳои мардуми наздимарзии тоҷику қирғиз чандин лоиҳаро роҳандозӣ кард. Ба ин лоиҳа чор ноҳия-Лайлак ва Боткени Қирғизистону Ҷаббор Расулов ва Исфараи Тоҷикистон дохил гардиданд. Ин лоиҳаҳо соҳаи ҳифзи сиҳатӣ, маориф, таъмини оби нӯшокӣ, таъсиси ҷои кор ва барҳам задани пайдоиши муноқишаҳои сарҳадиро дар бар гирифтанд. Илова бар ин бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов чандин чорабиниҳои муштараки фарҳангиву варзишии байни тоҷикону қирғизон сурат гирифта, ҳар ду тараф дар ҷашнҳои наврӯзӣ шодишарики ҳамдигар мешуданд. Ҳомидҷон Рӯзибоев, замоне ронандаи хатсайри Исфара-Боткен ёдовар шуд, ки муносибати тоҷикону қирғизон агар баҳси обу замин набошад, хеле хуб аст. Ман беш аз 10 сол шаҳрвандони қирғизро ба ноҳияамон мекашондам. Он вақтҳо вилояти Ботканд ягон нақлиёти худиро дар ин сайрхат надошт. Аз чеҳраҳои мардуми қирғиз аён буд, ки онҳо аз муносибатҳои тоҷикон қаноатманданд. Бо вуҷуди заминҳои фарох доштанашон ҳатман харидашонро аз бозори Исфара мекарданд. Аҷиб, заминҳоро ба мо иҷора дода, аз маҳсулоти рӯёндаи мо онҳо худ харидорӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ, шаҳри Исфара имрӯз чи барои қирғиз ва чи барои ӯзбекони наздимарзӣ маркази асосии савдо ҳисоб меёбад. Сотиволдӣ Умрузоқов, сокини деҳаи Равоти Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, аз муносибати тоҷикон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки маданияти заминдориро маҳз аз тоҷикон омӯхтам. Чанд сол пеш як дӯстам бо номи Абдунабӣ аз деҳаи Боғистони ноҳияи Исфара ба ман маслиҳат дод, то дар замини дар ихтиёрам буда ниҳолони дарахти зардолу шинонам. Даромади хуб ба даст меорам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Ҳоло дар як гектар навъи зардолуи "Абрикос"- ро парвариш мекунам. Ҳар сол дар айёми пухтанаш бо аҳли хонаводаи акои Абдунабӣ меваро хушк мекунем. Фарзандони дӯсти тоҷикам онро ба Русия бурда мефурӯшанд, даромадро баробар тақсим мекунем. Аз ин хотир шукронаи тинҷиву осиштагӣ карда, зиндагиамонро пеш мебарем. Ягон мушкилӣ надорем, ҳама чун як бародар зиндагӣ мекунем. Барои мо қирғизу тоҷик муҳимаш ҳамин, тақсимоти марз ба мо муҳим нест. Шояд сокинони ҳамсоякишвар бо Сотиволдӣ ҳамақида бошанду андешаҳои хоми коршиноси масоили сиёсии Эмил Ҷӯраевро ҳарза шуморанд. Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандагони азиз? Абдусабури Абдуваҳҳоб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.