ҚАҲРАМОНОН ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД2-05-2019, 09:11
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
![]() Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, тибқи қарори мазкур ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ ҷудо гардидааст. Ба иттилои манбаъ, маблағҳои ҷудогардида ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 4 майи соли ҷорӣ супорида хоҳад шуд. И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.