Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» пайванди илҳомбахши ҷавонони муосир

Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» пайванди илҳомбахши ҷавонони муосир

22-02-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» пайванди илҳомбахши ҷавонони муосирТибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашнгирии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ дар якҷоягӣ бо шӯъбаи маорифи ноҳия ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмуни «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» баргузор гардид. Чунин озмун мақсад ва мароми густариши дӯстию рафоқат байни ҷавонон, бедор намудани завқу рағбати онҳо барои эҷодиёту навоварӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, дарёфти чеҳраҳо ва фаъолони нав ба навро доро буда, нерӯи ҷисмониву руҳии онҳоро барои созандагиву бунёдкорӣ баланд мебардорад.

Дар озмуни мазкур иштирокчиён аз муассисаҳои таълимии №1, 16, 51 ва 53 ширкат варзида, бо саҳнаю сурудҳо ва ҳазлу шӯхии худ аҳли толорро болидахотир намуданд. Доир ба мавзуҳои доғи рӯз бо нигоҳи танқидии ҳазломез назар карданд. Хусусан дастаҳои МТМУ №1 ва 51-и ноҳия чун ҳарвақта фаъолнокӣ зоҳир намуда, бо баҳои баланди доварон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: