Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок дар назар аст2-03-2021, 10:24
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти борон дар назар аст. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Ҳаво дар вилояти Суғд абрноки бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.