ОБУ ҲАВО30-03-2020, 09:17
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои Агентӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва баъзан то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо бе бориш ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва шабона барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9 дараҷа ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.