
Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа таи як моҳ мешавад, ки дар таътили зимистона бо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр вохӯриҳо доир менамояд.
Чанд рӯз пештар дар толори литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Қӯрғонтеппа, оид ба пешгири намудани воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстримистӣ дошта ва ҷинояту ҷинояткории ноболиғон, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Сараввал, профессори ҳуқуқ Н. Азимов дар назди ҷамъомадагон дар мавзӯи “Ҷиноят ва ҷазо” баромад намуд. Сипас, ёвари прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа А. Ализода дар мавзӯи “Содир намудани ҷиноят ва пешгирии он” суханронӣ намуданд.
Инчунин, мудири шуъбаи маънавиёти дастгоҳи раиси шаҳр Ҷ. Тоҷиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистрон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони болаёқат дар соли ҷорӣ стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад, ки ин шаҳодати ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри некуаҳволии халқ ва ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.
Мавриди зикр аст, ки вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома дошта, минбаъд бо донишҷӯёни донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр тибқи нақша гузаронида мешаванд.