ХУРОФОТ аз чаҳолат сарчашма мегирад15-01-2021, 09:13
Хабарро хонданд: 716 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз заминаҳои аслии хурофот тарс ва нодонӣ дар баробари ҳаводиси табиию ҷамъиятӣ аст. Ҳанӯз аз замони аввалин огоҳии башар дар нисбати худу ҷаҳон шояд аз аввалин чизҳое, ки ӯ дарк намудааст, ин осебпазирӣ дар баробари ҳаводиси табиию ҷамъиятӣ будааст. Махсусан дар он замон, ки ҳанӯз инсон зиндагии нимаваҳшӣ дошт, бо бархӯрд ба ҳаводиси даҳшатноки табиӣ, аз қабили сел, тӯфон, зилзила, оташсӯзӣ, раъду барқ ва амсоли ин, ҳамчунин, ҳадафи туъмаи ҳайвоноти бузургҷуссатаре қарор гирифтан, инсонро маҷбур намудааст то дар баробари ин ҳаводис чораандешӣ намояд. Махсусан бо дарк намудани марг ӯ ба хулосае расидааст, ки бояд ё ба тарзи тахаюлӣ ё ба тарзи амалӣ чораандешӣ намояд. Ин гуна чораандешиҳо дар аввал соддалавҳона, бовармандона ва хушҳолкунанда будаанд. Яъне инсони аввалия дурусттар ба ҳамон кӯдаке монанд аст, ки ҳанӯз маѓзаш пурра ташаккул наёфтааст ва аз ҷониби дигар, ҳеҷ огоҳие дар баробари падидаю предметҳои атроф надорад, ба назараш ҳама чиз асрорангез менамояд ва зиёд кушиш мекунад, ки бо он тасаввуроти зеҳние, ки дар хаёлаш дорад, ба онҳо маънӣ бахшад. Ин маъниҳо метавонанд ҳеҷ заминаи воқеӣ ва айнӣ надошта бошанд. Вале танҳо ба хотири оромиш ва таскинбахшидан ин тасаввуроти фиреборо инсон дар баробари воқеият ба вуҷуд овардааст. Ин тасаввурот на воқеиятро ифода мекунад, балки танҳо хусусияти онҳо таскин додани худи инсонҳо будааст. Яъне бо ин роҳ онҳо тавонистаанд дар баробари ҳаводиси ваҳшатзою даҳшатбори аз тарафи табиат ба вуқӯъоянда ҷавоб ҷӯянд ва хешро оромиш бахшанд. Ин тадбирҷӯиҳо бо роҳи сеҳр, ниёиш кардани ҳодисаҳо, тасаввур кардани он ки ин ҳаводис хусусияти инсонӣ дорад ва онҳо дорои ҳис, дарк, ҳуш ва қаҳру ѓазабанд, тасвир шудааст. Инсонҳо ба хотири оромӣ бахшидан ба хеш аз ин амалҳо ва кирдорҳо истифода намудаанд. Дар марҳилае, ки ҷомеаи инсонӣ ба зинаи болотари рушди худ ворид мешавад ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ махсусан гурӯҳҳое, ки пайвандҳои хунию хешу таборӣ доранд, аз қабили қабилаю авлодҳо байни ҳам, ба хотири дарёфти сарватҳои табиӣ, ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳои хеш вориди даргирӣ шудаанд ва гурӯҳе ѓолиб омада, гурӯҳи дигаре маѓлуб гардидаанд, ки он низ як омиле аз тарвиҷи назароти хурофотиву боварманд будааст. Яъне омили дигари ба вуҷуд омадани афкори хурофотӣ ва боварҳои хаёлӣ ин муборизоти табақотӣ ҷиҳати дастёбӣ ба манобеи табиӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила нафароне, ки ѓолибиятро ба даст овардаанд, бештар ҷиҳати нигоҳдошти нуфузи хеш бар зердастон, чунин бинишеро ривоҷ додаанд, ки сабаби ѓолибияти онон як қувваҳои фарозаминианд, ки ба эшон ҷиҳати расидан ба ин муваффақият кумак намудаанд. Ҳамчунин, сардорону сарварони қабилаҳо аз худ як шахсияти хосаи дар иртибот ба қувваҳои фавқутабиӣ дуруст намудаанд, ки онҳо бояд мавриди ситоишу ниёиш қарор бигиранд. Чунин вазъ боиси тарвиҷи хурофа дар байни ҷомеаҳои табақотӣ гардидааст. Бо гузашти вақт ҳамин навъи бовар ба табақаи ҳоким ин боварро ба миён овардааст, ки онҳо мисли ҳама нестанд. Онҳо аз хосон ва баргузидагони қувваҳои фарозаминианд. Дар таърихи башар метавон ба садҳо ва ҳатто беш аз он вазъиятҳое дучор омад, ки бархӯрдҳои иҷтимоӣ ва ҷангҳои зиёди байни қавму қабилаҳои гуногун ба хотири даъвоҳои бовару эътиқоди мо айни ҳақиқат аст, анҷом гирифтааст. Хушунатҳои зиёде ва ҷангу хунрезиҳо байни ақвоми гуногун ҷиҳати даъвоҳои айни ҳақиқат будан, хунрезиҳои зиёде ба амал пайвастааст. Қобили қайд аст, ки сиёсатҳо ва салтанатҳои зиёде дар тӯли таърих аз боварҳо ва донишҳои боварманди инсонӣ истифода намуда, ҷиҳати тавсеяи манофеи худашон ҷангҳо ва хунрезиҳоро ба миён овардаанд. Аз имон ва боварҳои мардумон истифода намуда, илова бар бовари онҳо афкори мутаассибонаю хушунатомезро ривоҷ дода, мардумони зиёдеро ба якдигар даргир намудаанд ва сабаби асосии кушторҳои дастаҷамъӣ гардидаанд. Барои ривоҷи чунин паёмадҳо аз усулҳои гуногун, махсусан аз таассуб ва даъвои ин ки мо ҳақем, кор гирифта шудааст. Яъне имон ва бовари мардумро ба хотири тавсиаи манфиатҳо ба як таассубу хушунати таҳаммулнопазир табдил додаанд, ки инсонҳо ба якдигар дарафтода якдигарро ҷисман аз байн бибаранд. Дар ин кор сиёсатҳо ҳамеша ҳисобҳои худро доштаанд ва аз боварҳои мардум ба ҳайси як идеологияи ҷангу хушунат ҷиҳати тавсиаи манофеи худ истифода намуданд. Ҳамин тавр, гурӯҳҳои манфиатдор аз соддабоварии инсонҳо ва махсусан аз ноогоҳиву нодонии онон сӯистифода намуда, дар тӯли таърих ҳазорон ҷангу хунрезиҳои зиёд ба миён овардаанд ва ҳеҷ гоҳ манфиатдори он ҳам набудаанд, ки бояд инсонҳо огоҳона зиндагӣ намоянд ва аз асрори ҷаҳон он чунон, ки ҳаст иттилоъ дошта бошанд. Ҳамин аст, ки дастурот, амалкардҳо ва оинҳои хурофӣ реша давондаанд ва дар зеҳнияти мардумон боқӣ мондаанд. Метавон далелҳоеро зикр кард, ки инсонҳоро маҷбур месозанд ба хаёлпардозӣ гароянд. Ҳарчанд баъзе аз онҳо агарчи иддае аз унсурҳои воқеиятро эҳсос намоянд ҳам, вале хешро думболи тахаюлот ва бофтаҳои оромишписанд савқ медиҳанд. Агарчи огоҳӣ аз ҳақиқат барои ҳама инсонҳо арзиш ва аҳамияти зиёдеро дорост, бо вуҷуди ин ононе, ки аз чунин имтиёз баҳраманд мешаванд, хеле каманд. Баъзе аз инсонҳо қодир нестанд ба пажӯҳишҳои илмӣ вақти хешро сарф кунанд ё аслан намехоҳанд хешро заҳмат бидиҳанд, то аз ин пажуҳишҳо огоҳ ва бархӯрдор гарданд. Ҳамин аст, ки онҳо мехоҳанд ҷаҳони хаёлиро тарҷеҳ ба пажӯҳишҳои илмӣ бидиҳанд. Зеро ҷаҳони хаёлӣ инсонро як навъ метавонад оромиш бидиҳад ва аз ҷониби дигар барои зеҳнҳои содда қобили қабул ва ба тамоми суолҳо ҷавобҳои мутлақ пешниҳод мекунад. Аз тарафи дигар гурӯҳҳои судҷӯ аз бовару эътиқодоти мардум кушиш ба харҷ медиҳанд, то онҳоро аз роҳҳои гуногун тарс бидиҳанд. Дар тӯли таърих гоҳе, ки аз бовару хаёлоти мардум ниҳодҳои дастаҷамъӣ сохтанд, хурофот ба як расмиёт табдил ёфт ва дигар ҳама гуна бинишҳои илмӣ ва таҷриботи айниро ба ҳошия ронд. Ҳамин аст, ки дар асрҳои миёна метавон ба хубӣ мушоҳида намуд, ки донишҳои табиию риёзӣ ҷойгоҳи чандоне назди мардумон касб накарданд. Аз тарафи дигар ҳар нафаре ҳам агар дар садади баёни воқеияти илмии ҷаҳон қарор мегирифт, ӯро хатари вуҷудӣ таҳдид менамуд. Ҳамеша гурӯҳҳое, ки хурофаро расмият мебахшиданд, кӯшиш менамуданд, инсонҳо дар нодонию ноогоҳӣ ба сар баранд. Тарафдорони ин пиндорҳои пӯч то ҷое дар ин кор пешрафт карда буданд, ки дар баробари онон қарор гирифтан, бисёр хатарнок буд. Барои онҳо ҳамеша дорои аҳамият буд, то мардумон дар нодонӣ таваҳҳумзадагӣ боқӣ бимонанд. Аз ин рӯ, онҳо маҷбур буданд ҳамеша ҳақиқатро дар баробари мардум таҳриф кунанд ё онҳое, ки кунҷковӣ доштанд ё ба назари шубҳа ба ин навъи биниш менигаристанд, мавриди қурбониву хашми нухбагони донои тақаллубӣ, ки тамоми донишашон аз хурофот иборат буд, гарданд. Ҳамеша нафароне, ки аз бовару эътиқодоти мардум суд ҷустаанд, кушиш намудаанд, то хирадварзиро ҳамеша маҳкум намоянд ва мардумро аз дидгоҳҳои илмӣ дур нигоҳ доранд. Зеро агар мардум метавонистанд, пай бибаранд, ки дар кадом вартаи нодонӣ қарор доранд, хеле зуд ба гусастани бандҳои сохтаи сунъии ин гурӯҳ мепардохтанд. Аммо ин гурӯҳ чунон аҳкоми таваҳҳумзадаеро ба мардум ироа медоштанд ва худро айни ҳақиқат ҷилва медоданд, ки мардумони соддабовар гумон мекарданд, ҳарчи аз маѓзи хурофазадаи онҳо мешорад, айни ҳақиқат аст. Ҳар замоне, ки тарвиҷкунандагони хурофа дармеёфтанд, мардумон ба огоҳӣ расидаанд, эҳсоси хатар мекарданд ва тафсироти наверо аз ҳаводиси табиию иҷтимоӣ дуруст мекарданд ва онро ҷазое дар нисбати ворид шудани шакку шубҳа бар афкори боварманд медонистанд. Аз ҷумла ҳаводиси зилзилаву тӯфон, гармо ё сармои шадид, хушксолӣ, қаҳтӣ ва бемориҳои кушандаеро аз қабили вабову дигарҳо чунин тафсир медоданд, ки ҳаводиси зайл натиҷаи беэҳтиромӣ ё беэътиноӣ нисбати боварҳо будааст. Тавре аз таҳлилҳои боло бармеояд, хурофот дар ҳама давру замон монеи асосии рушди инсоният аст. Хурофот хираду мантиқро аз инсон салб мекунад, ӯро ба як махлуқи сарнавишти бетафовут, барда ва аз таъсиргузорӣ дур табдил медиҳад. Инсони хурофазада ҳеҷ гоҳ намехоҳад ба дунёи воқеъӣ ва ба назари воқеъӣ ба ҷаҳон муносибат намояд, зеро ӯро тарси пайваста ва таваҳҳумзадагӣ намегузорад, ки ба воқеъияти ҷаҳон сарфаҳм равад. Аз тарафи дигар хурофот ва ниҳодинасозандаи он тарсу таваҳҳумзадагиро дар зеҳнияти фард ривоҷ медиҳад ва онро аз хирадандешӣ боз медорад. Неруи инсониро аз инсон салб месозад. Созандангӣ ва тадбирро аз ӯ мегирад. Инсонро қурбони нодонӣ, хушбоварӣ ва вомондагиву хаёлпарастӣ месозад. Исомиддин Шарифзода, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.