Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Номуси ватандорӣ

Номуси ватандорӣ

25-10-2019, 13:00
Хабарро хонданд: 425 нафар
Назарҳо: 0
Номуси ватандорӣ
Яке аз масъалаҳои муҳими ҳар ҷомеа ин мавзӯи ватану ватанпарастӣ ва ҳифзи як порчагии қаламрави кишвар ба ҳисоб меравад. Аз замони пайдоиши давлат ва ҳанӯз қаблтар аз он ҳатто инсонҳои ибтидоӣ бошгоҳ ва қаламраверо, ки дар он ба сар мебурданд мавриди ҳифз ва ҳимоят қарор медоданд. Кушиш менамуданд ҳамин қисмате, ки ба онҳо тааллуқ дошт аз дасти душманон ва нафароне, ки ба он ба назари соҳиб шудан менигаристан, мавриди бархурд қарор мегирифт. Зина ба зина бо болоравии фарҳанги башарӣ дигаршавии арзишҳо ва ба як ҷузъи зиндагонии инсонӣ табдил ёфтани онҳо арзиши ватану ватандӯстӣ ба як арзиши меҳварии башарият табдил ёфт. Ҳамин аст, ки дар ҳамаи фарҳангҳои ҷаҳонӣ ватану ватандорӣ ҳифзи марзу бум нигоҳдошти озодиву истиқлол ва муборизаи тӯлонии мардумон ба хотири ҳифзи ҳамин гуна арзишҳо будааст. Мусаллам аст, ки ҳар нафар вобаста аз маконе ки тавлид мешавад, аз он обу хок ғғизо мегирад ва устухонаш бо аносири он ҷо бузург мешавад, ҳамон мавзеву маконро дӯст медорад. Онро ҳамчун ватан ва ҳамчун оғозгоҳ ҳамеша мавриди ситоиш қарор медиҳад.
Дар фарҳанги миллии мо низ ватану ватандӯстӣ ҳифзи марзу буми он яке аз арзишҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, ҳамеша мавриди ситоиши донишмандону мутафаккирон ва аҳли зиё будааст. Аз тарафи дигар дар арзишҳои мардумии мо номуси ватандорӣ ҳамчун як арзиши амалӣ ва рӯзмарраи ҳар фарди тоҷик ба ҳисоб рафтааст. Ҳамин аст, ки агар ба таърих назар афканем, гузаштагони мо барои ҳифзи марзу буми хеш ва номуси ватандорӣ алайҳи ғосибону бедодгарон қад алам карда, тани хешро сипар намуда мубориза бурданд. Ин равандро мо дар кушишҳову қаҳрамониҳои афроди ба номуси миллӣ бар алайҳи ғосибони чун Искандар, арабу муғул ва турку фарангӣ мебинем. Диловариҳои Спитамен бар алайҳи Искандар, ки дар муқобили он истодагарӣ намуда то охирин лаҳза барои номуси ватандории хеш мубориза бурд. Ҳамчунин муборизоти Муқаннаъ, Деваштич, Бобаки Хурандин ва садҳо нафари дигарро метавон мисол зад, ки дар баробари хунхориву ғаддории арабҳо истодагарӣ намуда ба хотири бақои миллату мардуми хеш мубориза бурдаанд, озодагиву ватандӯстии мардумонамон то ҳадде боло буд, ки барои ҷорӣ намудани ислом арабҳо се бор ба минтақаамон лашкаркашӣ карданд ва чун барои мардуми мо пазируфтани оини ғайр ниҳоятан мушкил буд, онҳо ҳеҷ гоҳ думболаи арзишҳои бегона нарафтанд ва дифоъ аз обу хок ва марзу буми худ намуданд. Кор то ба ҳадде расид, ки арабҳо ба хотири ҷорӣ намудани ислом дар ҳар хонаи тоҷик намояндаи хешро гузоштанд. Ҳамаи ин далели он аст, ки мардумони сарзаминҳои мо дар ҳифзи марзу бум нигоҳ доштани як порчагии давлату миллат мардумони сарсупурда ва ғаюру шуҷоъ мебошанд. Яъне ба тарзи дигар барои мондагории мардумони минтақаи мо ба ин фарҳангу ба ин забон ду навъи муборизот сурат гирифтааст. Яке агар муборизот тавассути қалам ва аз тариқи зеҳнӣ сурат гирифта бошад, тариқаи дигари мубориза ин муборизаи руёрӯ ва амаливу сиёсии фарзандони баномуси халқи тоҷик будааст.
Агар ба решаҳои фарҳангии хеш назар афканем, ҳифзи ватан ва марзу буми он яке аз арзишҳои меҳварии авастоӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан дар матнҳои авастоӣ мафҳумҳои аз қабили немания – аъзои оила, висия – эзидон, шаҳр, фравашиҳо – фариштаҳои кишвар, вира- мард, сарбоз, нафа – иттиҳод, вис – маънии масканро дорад ки онҳо мавриди ситоиш қарор мегиранд. Дар осри баъдӣ махсусан дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ватану ватандорӣ ҳифзи он муқобила ба бегонагон яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта ҳанӯз аз қисмати асотирии Шоҳнома муҳим будани ватану ватандорӣ, зодгоҳ дифои қаламрав бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Дар қисмати дуввуми он низ ҳамагуна паҳлавонӣ, сипоҳдорӣ ва сипоҳсолорӣ, яъне ба тарзи дигар бахши қаҳрамонии он ин қаҳрамонӣ намудан ба сарзамину ватанро дорад. Ин ҳама бозгӯкунандаи он аст, ки арзиши ватандорӣ ва номуси диёрдорӣ ҳамеша барои мардуми мо ва барои фарҳангамон ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Пас аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ то ибтидои асри 20 тамоми донишмандону шоирон ва нависандагони мо ин мавзӯъро ситоиш кардаанд ва барои пояндагии ин марз ва ин фарҳанг аз тариқи сухан, шеър, мусиқӣ, илм кушишҳои худро ба харҷ додаанд ва сабабгори пойдорӣ ва мондагории миллат гардидаанд. Дар ибтидои асри 20 замони таҳаввулоти нави ҷаҳонӣ бузургмандони миллат аз қабили устод Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ба хотири мондагории ин миллат ва ин марзу бум бо ҷасорати том ҳам аз роҳи қалам ва ҳам аз роҳи сиёсиву амалӣ ҷиҳати ҳифзи ин ватан ва ин сарзамин ва озодиву истиқлоли он мубориза бурданд ва иддае аз онҳо хешро низ қурбон намудаанд. ин раванд хотима напазируфта аз ҷониби фарзандони дигари барӯманди халқи тоҷик, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир идомат пайдо кардаанд. Имрӯз низ меҳвари асосии эҷоди шоирону нависандагони моро мавзӯи ватану ватандорӣ ва ормонҳои миллӣ ташкил медиҳад. Натиҷаи ин ҳама муборизот дар солҳои 90-уми қарни гузашта бо расидани истиқлоли сиёсӣ анҷомид. Вале бомдоди истиқлол низ ба бархурду чолиш кашида шуда хатари нобудии миллат пеш омад. Дар ҳамин аснод зуҳури фарзанди дигари барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист миллатро аз ин хатар раҳонад ва дубора онро сарҷамъ намуда пояҳои давлати миллиро устувор гардонад. Имрӯз тамоми пойгоҳи давлатӣ ташаккул ёфта давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷикон роҳ ба сӯи бунёдкориҳо ва пешрафтҳои азимро тарроҳӣ намудааст. Дар ин росто ҳар нафар аз шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки боз ҳам ватанро бештар дӯст дошта, бо кору фаъолияти хеш ҷиҳати пешрафти он саҳмгузорӣ намоем. Бояд фармӯш насозем, ки ҳар кадоми мо низ ба мисли гузаштагоне, ки бо фалсафаи ватандӯстиву номуси ватандорӣ тӯли зиёда аз ҳафт ҳазор сол арзишҳои фарҳангиамонро ҳифз намуда то ба имрӯз овардаанд, мо низ амонатдори ҳамин миллат ва ҳамин давлатем. Бояд тамоми нерӯи хешро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ пешрафту шукуфоии кишвар ҳифзи марзу буми он сафарбар намоем. Ҳамчунин вазифадорем, ки фарзандону пайвандони хешро дар ин руҳия тарбият намуда, хизмат ба ватанро ҳамчун шарафи инсонии хеш таблиғ намоем. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҷанбаҳои хатарноки он метавонанд давлату миллатҳоро аз байн бибарад, танҳо аз роҳи огоҳӣ, яъне огоҳӣ аз шинохти таърихӣ ва фарҳангии миллат огоҳи аз шинохт ва воқеъияти имрӯз инчунин огоҳона ва дақиқу илмӣ пешбинӣ намудани ояндаи воқеъият ва идора карда тавонистани ин равандҳо метавонем аз ин ҳаводиси ҳавлноки асри равон миллату давлатро нигаҳдорӣ намоем.

Эҳсони Илҳом,
таҳлилгари сиёсӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: