Аввалин душмании наҳзатиён бо омӯзгору зиёӣ буд15-08-2019, 14:03
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
Қобили қайд аст, ки дар мароҳили охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва замони пошхӯрии он гароиши мардум ба арзишҳои динӣ ривоҷ ёфта буд. Ин аз он маншаъ мегирифт, ки чун қаблан дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ иҷроиши расму оини динӣ маҳдуд буда, бо аз байн рафтани он фазои баста мардум хешро ба оғуши арзишҳои динӣ ва иҷроиши маносику ритуалҳои динӣ сафарбар намуданд. Чун аз онҳо ба дурустӣ огоҳ набуданд, ҳамаи онҳоро бехабарона айни ҳақиқат ва воқеият қабул намуданд. Махсусан он замон як нимчамуллое, ки саводи базур хондани ҳуруфи арабиро дошт, худро соҳиби фатво ҳисобида, ҳар гунае, ки ба манфиаташ буд, фатво медод ва ташреҳи динӣ мекард. Дар назари мардуми содабовари он замон ин даста аз “рӯҳониёни қудратталаб” ба мисли инсони фарозаминӣ ва донандаи илми ғайб ҷилва мекарданд, ки аксаран дастпарварони ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ буданд.
Мутаассифона озодиҳои динии ба даст омадаро саркардагони ин ташкилоти террористии наҳзатӣ суистифода намуда, ҳар гуна иғвову шарорат ва афкори ҳангоматалабонаро бар зеҳни мардум ҷой дода, онҳоро тафсирҳои манфиатҷӯёна менамуданд. Маҳз дар ҳамин замон чун қишри рӯҳонӣ ва махсусан сакардагону пайравони ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ аз донишманд ва зиёӣ дар ҳарос буданд, онҳо ҳамеша пайт меҷустанд, то аз кадомин роҳ ба ин гурӯҳ барчаспҳои наверо зананд ва онҳоро дар назди ҷомеа сарафкандаву беобурӯ созанд. Ин гурӯҳ нағғз дарк мекард, ки афсонаву хурофоти онҳоро олимон ва муаллимону зиёиён бовар нахоҳанд кард, зеро онҳо таърихан ҳам огоҳ буданд, ки донишмандон ба ёваву чаранди онҳо бовар намекунанд ва мардумро низ тавсия хоҳанд дод, ки аз дӯрӯғу буҳтонҳо парҳез кунанду ба он бовар наварзанд. Ҳамин буд, ки аз аввалин корҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсоние, ки террористони наҳзатӣ дар солҳои 91-92 анҷом доданд, ин “ҳаром эълон кардани нони муаллиму духтур ва зиёӣ” буд. Ин амали зиддиинсонӣ сабаби он гардид, ки обрӯи муаллиму донишманд дар ҷомеа коста гардад ва аксари донишмандону зиёиёнро тарси ҳамаҷониба фарогир шуд. Аз тарафи дигар мардуми авом бо фатвоҳои ин гурӯҳ дода шуда, аз ҳамнишинӣ бо муаллиму зиёӣ парҳез мекарданд. Яъне ба тарзи дигар барои фазои иҷтимоиро пурра дар ихтиёри худ қарор додан муаттаассибону ҷаҳолатзадагони наҳзатӣ аввалин аммалро дар муқобили муаллиму зиёӣ анҷом доданд. Зеро онҳо хуб дарк карда буданд, ки найрангҳои онҳо ва афкори пучу хурофотиашонро қишри огоҳ қабул нахоҳад кард, аз ин рӯ аввалин ҳадаф дур кардани онҳо аз сари роҳи худ буд. Ин кор танҳо аз роҳи шармандаву сарафканда кардани онҳо барояшон имконпазир буд. Маҳз дар ҳамин замон буд, ки дар баробари фатвои “нони муаллиму зиёӣ ҳаром” фатвои дигари “зани муаллиму зиёӣ талоқ” ва амсоли инро дар байни мардум паҳн намуданд. Ин раванд боиси он гардид, ки гурӯҳҳои муаяни ҷомеа аз муаллиму зиёӣ фосила гирифтанд. Оҳиста оҳиста обрӯй ва ҷойгоҳи муаллиму зиёӣ дар ҷомеа паст гардида, назару фикри он эътиборашро аз даст дод. Таъсири манфии ин тавтеа дар ҷомеа даҳсолаҳо идома пайдо карда, то ҳанӯз муаллиму зиёӣ натавонист он ҷойгоҳеро, ки қаблан дар низоми куҳна дошт, сазовор гардад. Шикастани омӯзгор ва зиёӣ шикастани миллат ва ҷомеа аст, зеро дар тамоми таърихи миллат-давлатҳо ин зиёиён ва донишмандонанд, ки тавассути роҳнамоиву пажӯҳиш ва таҳлилу тафсирҳои илмии хеш ҷомеаҳо, миллатҳо ва давлатҳоро ба саодату комгорӣ расонидаанд. Шеваи беобрӯ кардан ҳануз аз аввалин роҳкорҳои наҳзатӣ буд, дар баробари зиёиён. Дар қадамҳои баъдӣ онҳо ба ҷисман аз байн бурдани зиёиёну рушангарон кӯшиш намуданд, ки ҷиноётест басо сангин... Зиёев С.
пажӯҳишгар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.