Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

17-12-2020, 14:21
Хабарро хонданд: 776 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
Дар ҳамоишмуовиниякумвамуовинониРаисиҳизб, муовини Раиси Маҷлисинамояндагони МаҷлисиОлииҶумҳурииТоҷикистон, Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон Қосим Роҳбар, президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, вазиримеҳнат, муҳоҷиратвашуғлиаҳолӣ Ширин Амонзода, раиси кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, раиси кумитаи кор бо занон ва оила ҲилолбӣҚурбонзода, директори Маркази тадқиқотистратегӣЗиёӣ Хуршед, қисми собиқадорони ҳизб Ғайбулло Авзалов, Амиршоҳ Миралиев, Ҷумъабой Сангинов, Руқия Қурбонова, Умриниссо Казакова, Латофат Шарифова, Сайфулло Сафаров, Ёқуб Исмоилов, як қатор раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ҳизбҳои сиёсӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва фаъолони дигар иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ба муносибати Рўзи таъсисиёбии ҳизб Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагивубунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстиву худшиносӣдар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.
Ҳанўз дар айёми бисёр ҳассос – замоне, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурўҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем. Ҳамин тавр, 26 сол муқаддаммобафаъолиятиҲизби Халқии Тоҷикистон, ки баъдан вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинохта шуд, замина гузоштем.
Раиси муаззами ҳизб ҳанўз дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми неруҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандўстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд.
Ҳизби мо ба ҳайси неруи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллион нафар аъзо, инчунин, ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарўзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Имрўз низ ҳизби мо ҳамчун неруи асосии сиёсиву ҷамъиятии кишвар ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назариявии он мунтазам такмил меёбад.ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
Зимни баромади худ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешрафти кишвар ва сарҷамъию муттаҳидии мардуми мамлакат бузургу барҷаста аст. Мақому манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа қабл аз ҳама, аз ташаббусҳои роҳбарияти он ҷиҳати замина гузоштан ба рушди иқтисод, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат вобаста аст. Тавре Раиси муаззами ҳизб таъкид доштанд, дар тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият саҳм ва нақши ҲХДТ низ барҷаста мебошад. Ҳизби мо ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии кишвар, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гардиданаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносию неруи зеҳнии аъзои ҳизб ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.
- Мусаллам аст, ки обрў ва нуфузи имрўзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгирона ва хастагинопазири Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҳбуби ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, - гуфт Абдуҷаббор Азизӣ.
Мавсуф зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонсохтори комилва шеваи фаъолияти ба худ хосродоро буда, барномава стратегияи давлатмеҳварва асоси фаъолияти ҳизб аст.
ҲХДТ ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкоронава татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнашомили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолгардидааст.
Ғояи сиёсӣва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистоназ ҷониби аксарияти мардуми кишвардастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣтавонист, кидар ташаккули сохтори давлатдории навнақши муҳимро бозад. Ҳизби мохудро ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҳисобида,ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеатавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣва фарҳангӣкўшиш ба харҷ медиҳад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилрабо Мансурӣ зимни баромади худ таъкид намуд, ки ҲХДТ ҷиҳати рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дардои раисиёсати ҳуқуқии ягона ва ҷавобгў ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон такмил дода, дар ин самт ба дастоварҳои назаррас ноил гардид. Рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вобаста ба манфиати шаҳрвандони мамлакат, арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ пайваста таҳким ва такмил дода мешавад.
- Мовакилон, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти қонунгузории хеш бо истифода аз таҷриба ва ҳуқуқу ташаббусҳоямон дар таҳия ва ба тасвиб расонидани қонунҳои фарогири масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ талош намуда, дар самтҳои қонунгузорӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи миллии мамлакат доир ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ азбунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунониибосуръатикишварвавусъатдиҳиишуғлипурмаҳсул, инчунин,фароҳам овардани шароит дар бахши иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар оянда низ иниқдомро тавсеа хоҳем бахшид, - гуфт Д. Мансурӣ.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён дар баромади худ ишора намуд, ки дар замони истиқлолият аз вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣва дахолатнопазирии давлат,ҳимояи манфиатҳои миллӣва ҳаёти осоиштаи кишвар, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардумва меҳнати озод, рушди демократия,ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣва фарҳангӣ бо кишварҳои мутараққии олам, мусоидат ба рушди маънавӣ ва ахлоқии миллат, муқовимат ба ҳар гуна шакли экстремизм, таъмини муносибати сазоворба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа ва ғайраҳо маҳсуб меёбад.
Нахустин муовини якуми Раиси ҳизб, ходими давлатию ҷамъиятӣ Давлаталӣ Давлатзода дар мавзўи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби зодаи Истиқлолият: заминаҳои ташаккул, авлавиятҳо ва бартариятҳо” маърўза намуда, таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мардум барномаҳои воқеӣ ва илман асоснок таҳия намуда, ҳамеша дар маъракаҳои интихоботӣ манзур менамуд. Воқеияти дигари баҳснопазир ин аст, ки мардуми шарафманди кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизби мо эътимоди қавӣ доранд, зеро дар саргаҳи ин ҳама созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар ҳамоиш собиқ муовини якуми Раиси ҳизб, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳоибайналмилалӣ, иттиҳодияҳоиҷамъиятӣваиттилоот Фаттоҳзода СаидмуродСамад дар мавзўи «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» маърўза намуд. Номбурда зикр кард, ки барои мо – ҳизбиён ҳаёт ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандўстӣ, хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад. Вазифаи мо дар марҳилаи кунунӣ – тавассути ташкилотҳои ибтидоӣдар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рўйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо медиҳанд ва ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбаташонро дар ташкилу инкишофи давлат фаромўш намекунад.ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
- Воқеияти бебаҳс ин аст, ки ташкили ҳизби мо ва кулли муваффақиятҳояш ба номи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи бевосита дорад, - гуфт С. Фаттоҳзода. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд. Тўли солҳои охир вазъият дар сайёра босуръат тағйир меёбад. Мо вазифадор ҳастем, киба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон моҳияти рўйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣва иҷтимоии дар мамлакат ва ҷаҳон рўйдодародуруст фаҳмонем, ба ин ҳодисаҳо баҳои воқеӣ диҳем. Моимрўздар шароити мураккаби бархурди манфиатҳова қудратҳои ҷаҳонӣқарор дорем. Зарур аст, ки аз ин мубоҳисаҳои сиёсӣхулосаҳои дуруст бароварда, мардумро аз паси худ барем. Вазифа ва нишондодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, суханронӣдар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияимарказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонбаён дошта буданд, бояд ҳамаҷонибамавриди омўзиш, таҳлил, татбиқ ва таблиғқарор гирад.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар мавзўи “Мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар низоми сиёсии Тоҷикистон” баромад карда, афзуд, ки ҲХДТ дар тўли 26 соли мавҷудияти худ ҳамчун неруи пешсафи сиёсии Тоҷикистон дар амри навсозии ҷомеа, хусусан, тарғиби арзишҳои демократӣ ва татбиқи иқдомоти созандаву бунёдкорона, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии баён, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, фаъолияти озодии қтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне ҳадафҳои барномавии худ марҳала ба марҳала саъю талош меварзад ва дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум саҳми муносиб мегузорад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар мавзўи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - мактаби камолоти пайравони асили Пешвои миллат” баромад намуда, таъкид дошт, ки яке аз самтҳои фаъолияти моро ҷалби ҷавонон ба сафҳои ҳизб ташкил медиҳад. Ҷавонони болаёқат ва донишманд худашон ихтиёран барои узвият ба ҳизби мо муроҷиат менамоянд ва комиссияи махсус ҳуҷҷатҳои онҳоро омўхта, ба узвият пешниҳод мекунад ва танҳо дар натиҷаи таҳлил натиҷаи ниҳоӣ гирифта мешавад. Имрўз ҳизб мактаби камолоти ҷавонон аст ва ниҳодҳое чун “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Созандагони Ватан” маҳз ба далели он, ки аксари кормандонашон аъзои ҳизби мо мебошанд, аз ҷумлаи чунин мактабҳо дониста мешаванд. Дар ин замина, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷа маҳсуб меёбанд.
Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ дар ҷамъбасти ҳамоиш зикр намуд, ки вазифаҳои стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушду таҳкими низоми демократӣва тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣва бо дарназардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон идома додани сиёсати хориҷӣ иборатанд.
- Дар ин раванд, ҳамаи мо - аъзои ҳизбро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар корҳои созандагӣ саҳмгузорӣ намуда, ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва давлати миллӣ корҳои ташвиқотиро дар миёни аҳли ҷомеа тақвият бахшем, - хотима намуд А. Азизӣ.
Дар охири чорабинӣ дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҳизб ба ифтихори Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як зумра фаъолони ҳизб бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадр карда шуданд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: