Тағйироти кадрӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Суғд28-01-2019, 10:24
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
28.01.2019 Имрӯз дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Суғд муаррифии муовини раис ва роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи вилоятӣ доир шуд. Дар мувофиқа бо роҳбарияти олии ҳизб Шарифзода Аминҷон Абдуғафур ба ҳайси муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешбарӣ гардида, Бахтиёр Исматҷонов роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи вилоятӣ таъин шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода зимни муаррифӣ ин ду нафарро кадрҳои болаёқату пуртаҷриба унвон кард. Шарифзода Аминҷон Абдуғафур солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият бурдааст. Вай тайи чанд соли охир ҳамчун мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, муовин ва муовини аввали Раиси шаҳри Истиқлол кор карда аст. Бахтиёр Исматҷонов низ солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроия, аз ҷумла, ба ҳайси мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, ҳамчунин, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилоят Анвар Ҷалилов ба кадрҳои тозаинтихоб барори кор хостанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.