Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

12-03-2019, 05:17
Хабарро хонданд: 16 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ доир шуд. Дар ин ҷамъомад зиёда аз 20 нафар намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода аҳли қаламро бо иди касбӣ табрик намуда, барояшон дастовардҳои шоистаи эҷодӣ орзу кард.

Таъкид шуд, иди касбии рӯзноманигорон, ки бо нашри аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» иртибот дорад, натанҳо барои аҳли эҷоду сухан, балки барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи муборак ва мояи ифтихору сарбаландӣ мебошад. Зеро рӯзномаи “Бухорои шариф”, ки нахустин шуморааш соли 1912 интишор ёфтааст, бешубҳа, заминаи устувореро барои рушди минбаъдаи матбуоти тоҷик гузоштааст.


Матлубахон Амонзода аз ҳамкории судманди кумиҷроияи вилоятӣ бо ВАО изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки чорабиниҳои ҳизбӣ тавассути онҳо мунтазам инъикос мегарданд. “Барнома, ҳадафу ғояҳои ҲХДТ тавассути ВАО пайваста инъикос ва тарғиб мегарданд, ки шоёни таҳсин аст. КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд минбаъд низ ҳамкории эътимодбахшро бо ВАО тақвият мебахшад. Зеро ин воситаи муҳими ҳадафрас татбиқ шудани ҳадафҳои ҳизб аст, ки ба таъмини зиндагии халқ нигаронида шудааст”.

Барои ҳамкории пайваста, инъикоси чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, саҳми арзанда дар татбиқ, тарғиби барномаву ҳадафҳои ҲХДТ ва ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик зиёда аз 20 нафар рӯзноманигорон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қадр карда шуданд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: