Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Коршиноси байналмилалӣ аз хатари мавҷи дуввуми коронавирус барои Тоҷикистон изҳори назар намуд

Коршиноси байналмилалӣ аз хатари мавҷи дуввуми коронавирус барои Тоҷикистон изҳори назар намуд

2-11-2020, 10:48
Хабарро хонданд: 655 нафар
Назарҳо: 0
Коршиноси байналмилалӣ аз хатари мавҷи дуввуми коронавирус барои Тоҷикистон изҳори назар намудБемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷаҳиши шадиди ин беморӣ ба назар намерасад, аммо ин метавонад муваққатӣ бошад. Дар ин бора дар суҳбат ба агентии Sputnik сардори Раёсати тандурустии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Аврупо Даврон Муҳамаадиев изҳори намудааст.

«Масъала дар он аст, ки ҳарчанд Вазорати тандурустӣ (ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии – тавз. АМИТ «Ховар») Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавҷи дуввум омодагӣ мебинад ва барои мабодо бемористонҳоро бо асбобҳои нафасдиҳиву катҳои иловагӣ таъмин мекунад, аммо тағйири табиати беморӣ (мутатсияи коронавирус – тавз. АМИТ «Ховар») метавонад тамоми кӯшишҳои табибонро нокофӣ кунад», — мегӯяд Даврон Мухамадиев.

«Аз моҳи сентябр ба ин сӯ афзоиши шадиди сироят дар Аврупо мушоҳида мешавад, ки пас аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меистад. Шумораи бистаришавӣ дар беморхонаҳо афзудааст, аммо бадтараш, барқароршавӣ тӯлонитар шудааст, одамон вақти зиёдро дар катҳои беморхонаҳо мегузаронанд, ки ин ба беморхонаҳо бори иловагӣ зам мекунад.

Дар ниҳоят, беморхонаҳо барои мубориза бо COVID-19 тарҳрезӣ шудаанд ва аксари беморон аз нигоҳубини маъмулӣ маҳруманд «, — шарҳ додааст Муҳаммадиев ба Sputnik.

Ба гуфтаи ӯ, ягона чизе, ки бемористонҳоро аз изофабориҳо наҷот медиҳад, ҳушёрии худи шаҳрвандон, риояи режими ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ мебошад.

Ба ақидаи Муҳаммадиев, набояд ба иқлими гарм ва офтоби тафсони Тоҷикистон такя кард, зеро ягон тадқиқот робитаи мустақими режими ҳарорат ва афзоиши бемориро собит накардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: