Коститутсия – бахтномаи миллат3-11-2015, 16:17
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Дар қаламрави шаҳри Чкалов бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ дар мавзӯи «Конститутсия – бахтномаи миллат» Рӯзи ягонаи ахбор доир гардид. Мулоқоти нахустин бо зиёда аз 40 нафар соҳибкорони бозори марказии шаҳр «Помир — Суғд», мулоқоти дуввум бо иштироки зиёда аз 100 нафар кормандони ҶДММ «Элегант» ва мулоқоти сеюм дар толори Ҷамоати шаҳраки Палос бо иштироки зиёда аз 25 нафар баргузор гардид.
Дар ин мулоқотҳо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр М.Нурзода ва кормандони шуъбаи мазкур Шемякина Л.Г., Исмоилов Х.М., Тоҳиров Ф.В. ширкат намуда, перомуни Қонуни асосии кишвар, таърихи ин санади муқаддас, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Сарқонун ибрози назар карданд. Зимни мулоқотҳо перомуни дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат қабул гардидани Қонунҳои хусусияти миллидошта, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози назар карданд. Зикр гардид, ки маҳз заминаи таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ буд, ки дар сатҳи Сарқонуни мамлакат инсон ва ҳуқуқи озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Дар интиҳои мулоқотҳо маърӯзачиён ба суолҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.