Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Конференсияи XIX ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Конференсияи XIX ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

21-08-2020, 12:14
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи XIX ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
Нимаи дуюми имрӯз дар пойтахти мамлакат Конференсияи XIX ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар конференсия ду масъала — ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 6 августи соли 2020 оид ба вазифаҳои навбатии ташкилоти ҲХДТ дар марҳилаи омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Анҷумани XIV ғайринавбатии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мутобиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 6 августи соли 2020 оид ба вазифаҳои навбатии ташкилоти ҲХДТ дар марҳилаи омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Зикр гардид, ки гузашти давраҳои гуногуни таърихӣ дар шинохти саҳфаҳои давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки низом ва ё неруи сиёсие, ки дар фурсати хеле ками вақт бозтоб ва ё қобили эътибор мешаванд, ҳастию тамоми рисолаташон баҳри хостаҳои миллату ҷомеа равона мегардад.

Ба андешаи И. Мирзозода, аз марҳилаҳои тайкардаи ҲХДТ метавон натиҷагирӣ намуд, ки баробари рӯйи кор омадани ин неруи тозаи сиёсии ҷомеа равиши масъулияту низоми интихобот ва шохаҳои давлатдории мо тадриҷан навсозӣ гардида, арзишҳои волои миллиамон эҳё гардиданд.

«Дар раванди баргузории интихобот ҳар як ҳизби сиёсӣ кўшишу талош бар он менамояд, ки дар ҷомеа ҳарчи зиёдтар раъйи бештар ба даст оварда, тадбиқи ғояҳои худро ба таври самаранок амалӣ намояд. Албатта, ин марҳилаи навбатӣ бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, махсусан барои ҲХДТ давраи муҳиму тақдирсоз ва иҷрои ормону хостаҳои халқ ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ мо бояд минбаъд дар асоси барномаи ҳизбиамон сиёсати бунёдкоронаи худро идома бахшида, ба масъалаҳои таҳкими амнияту оромии сиёсӣ, рушди пайгиронаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем»,- иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода.

Сипас, вакилони Конференсия аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис 146 нафар вакилро ба Анҷумани XIV ғайринавбатии ҲХДТ пешбарӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, бо қабули қарорҳои дахлдор аз рўйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда, Конференсияи XIX ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба кори худ анҷом бахшид.

Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вакилон аз кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳудуди пойтахт ҳузур доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: