Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Конференисияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб

Конференисияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб

1-06-2018, 08:33
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Конференисияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб
30 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд Конференисияи IV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб иштирок карданд.
Конференсияи ғайринавбатиро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» Ҳамрохон Атаева ифтитоҳ бахшид.
Баъд аз интихоби ҳайати Раёсат, комиссияи мандатӣ ва котибот вакили Конференсия Абдурашидов ахбороти комиссияи мандатиро ба самъи вакилон расонид.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия муовини раиси кумиҷроияи ибтидоии ҳизб Ҳамрохон Атаева оид ба соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маърӯза намуд. Доир ба масъалаи мазкур якчанд раисони ташкилотҳои ибтидоӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Вакилони Конференсия оид ба масъалаи дуюми рӯзнома 27 нафар вакилонро барои иштирок дар Конференсияи 21-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пешбарӣ ва интихоб намуданд.
Бо ҳамин кори Конференсияи ғайринавбатӣ ба кори худ хотима бахшид.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: