Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Душанбе Конференсияи ХХХ ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид

Дар Душанбе Конференсияи ХХХ ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид

22-01-2020, 16:30
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе Конференсияи ХХХ ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи ХХХ ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва дигар вакилон аз ҳамаи кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар конференсия номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.

Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар идоракунии давлат маҳсуб мешавад. Зимнан метавон гуфт, ки ҳангоми баргузории ин маъракаи сиёсӣ тамоми сокинони мамлакат ба ҳам омада, якдилона дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи он саҳм мегузоранд.

Дар конференсия зикр шуд, ки интихобот барои муттаҳидии ҷомеа ва рушди демократия мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: