Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳизб дар роҳи бунёдкорӣ

Ҳизб дар роҳи бунёдкорӣ

11-08-2020, 11:08
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизб дар роҳи бунёдкорӣ
Душанбе
Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраку маҳалла, назди хонаҳои баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо ҷиҳати омодагии сазовор ба таҷлили Ҷашни 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашар доир намуданд.
Дар он кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт бо истифода аз имконоти мавҷуда, атрофи хонаву кӯчаҳо, роҳраву майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳоро тозаю озода намуданд.
Натиҷаи чунин иқдомоти шаҳриён аст, ки симои пойтахти кишварамон рӯз аз рӯз дигаргун шуда, ҳусну таровати тоза мегирад.
Варзиш- қосиди сулҳ /сурат
Дар толори Федератсияи миллии «Таэкван-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии варзишӣ ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, ки ҳамасола 10 август ҷашн гирифта мешавад, миёни варзишгарон ва ҷавонон доир шуд. Дар чорабинии мазкур Ҳомидзода Насим-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Яҳёев Мирсаид- раиси Федередсияи миллии таэкван-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипова Лайло-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раҳмонов Ҷасур-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва варзишгарон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушд ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо варзишгарон бо ҳисси ифтихормандӣ иброз намуда буданд, ки «Варзиш қосиди сулҳ, муаррифкунандаи давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад».
Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат ҷавонон ва варзишгаронро водор менамояд, ки пайваста ҳомии муҳофизи обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон бошанд, Ватани худро дар сатҳи байналмилалӣ бо барафрохтани Парчами миллӣ ва нерӯмандию иродаи қавӣ ҳамчун сарзамини биҳиштосо ва созандаву тобанда муаррифӣ намоянд.
Дар интиҳо аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар хориҷи мамлакат шарафи кишварро баланд бардоштаанд бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Хатлон
ИСТИФОДАи мақсадноки ЗАМИН

Бохтар
Ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани ду-се ҳосил дар як мавсим раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Иброҳимзода Неъматулло дар маҳаллаи “Зарбдор” бо рафти истифодаи заминҳои чанде аз сокинон шинос шуд. Зимни ин боздид ва ошноӣ бо ҳолати кишту кор аз заминҳои назди ҳавлии сокинони маҳалла ёдоварӣ шуд, ки онҳо тибқи одат аз заминҳои дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода намуда, дар гузашта ҳам аз як замин чанд ҳосил ба даст меоварданд ва ҳоло ба тавсиаи ин таҷрибаи деҳқонӣ зарурати бешатр пеш омадааст. Маълум шуд, ки деҳқонон кайҳо ҳосили якумро ҷамъоварӣ карда, ба ҷойи он кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки имрӯз нашъу намои хуб дорад.
Зимни суҳбат бо сокинон Н.Иброҳимзода таъкид кард, ки заминро самаранок истифода бурдану гирифтани ҳосили фаровон акнун аз як одат ва шуғли деҳқонӣ ба вазифаи ҳар яки мо табдил ёфта аст. Зеро фақат ба ин васила метавонем, дар таъмини фаровонии бозор ва паст бурдани нарху навои маҳсулот мусоидат намоем.

Норак
Ҷаҳонро хуррами аз деҳкон аст!
Ҳизб дар роҳи бунёдкорӣ

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар маҳаллаи Сарибораи минтақаи зисти №2-и Норак бо усули “хона ба хона” оиди истифодаи самараноки заминҳои бекорхобидаи назди ҳавлӣ ва инчунин барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID-19 вохӯриву суҳбатҳо доир намуданд.
Дар рафти вохӯриҳо сокинони шаҳр аз ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат миннатдорӣ намуда, ёдовар шуданд, ки заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода мебаранд ва барои таъмини амнияти озуқавории давлату ғанӣ гардидани буҷаи оилаашон саҳми худро мегузоранд.

Кӯлоб
ПЕШВОИ МИЛЛАТ- РОҲНАМОи МИЛЛАТ

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯзи Саидмуъмин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ваҳдат" вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот иброз шуд, ки асоси пирӯзиҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи арзишҳои миллӣ ва барномаҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо нерӯву иродаи бузурги ватанхоҳиву ватандорӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон восита ва замина муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки Тоҷикистонро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард.
Дар рафти мулоқот ба иштирокчиён хотиррасон намуданд, бо дастгириҳои Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дида мешавад, ки нуфуз ва манзалати мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт ва имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол мешиносанду эътироф мекунанд.

ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Чунин як мулоқот бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи чашм" низ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир шуд. Мақомот дар рафти суҳбат ба аҳли нишаст оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози ақида намуда, гуфтанд, ки ҲХДТ масъулияти олии ватансозиро бар дӯш дорад ва мо, ҳизбиён бояд ҷиҳати саҳмгирӣ дар ободии Ватан пеш аз пеш нисбати дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошем. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат шукуфо буда, моро лозим аст, ки дар зери ин сиёсат муттаҳид шуда, ба халқу Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.
Хониши сиёсӣ бо ҳизбиён

Дар ташкилоти ибтидоии "Оби тоза" бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин дар мавзӯъҳои вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, инчунин, оид ба иштирок дар баргузории аксияҳои сайёҳию омӯзишӣ ва равандҳои ободонӣ тавассути нишон додани лоиҳаи сохтмони иншооти гигиенӣ, маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дар шафати он кушодани утоқи корӣ барои раёсати кумитаҳои маҳалла, махсусан дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳо суҳбат кард.
Дар рафти вохӯрӣ чанде аз иштирокдорон низ изҳор доштанд, ки барои амалишавии ташаббусҳои роҳбарияти ҲХДТ ҳамеша ҷаҳду талош хоҳанд кард.
Истифодаи самараноки замин

Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Парасту" аз рафти истифодаи самаранокии замини назди ташкилот дидан намуданд ва боз ҳам барои вусъат додани истифодаи самаранокии он маслиҳатҳои муфид додаанд. Дар охир аз ҳар як аъзои ҳизб даъват шуд, қоидаҳои санитарию гигиенияи шахсва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд
САҲМИ ҲИЗБИЁН

Дар раванди корҳои ободонӣ саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб назаррас мебошад.
Чанде пеш бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "С.Сафаров" таҳти унвони "Ободии Ватан аз ободии деҳаву маҳаллаҳо сар мешавад!" шанбегии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид.
Дар ҳашари мазкур аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С.Сафаров" фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ободонӣ ва хуррамгардонии назди ташкилоти худ саҳми босазо гузоштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: