БАР ЗИДДИ ҲАМА ГУНА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ МУБОРИЗА БОЯД БУРД!17-05-2019, 10:10
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Асоси фаъолияти ҲХДТ-ро таблиғот ташкил медиҳад. Бо ҳамин ният Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста корҳои таблиғотро тавассути суҳбату мулоқотҳо баргузор мекунад.
Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саъдии Шерозӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ маҷлис баргузор шуд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин дар рафти суханронии худ гуфт, ки ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи миллии ба ҷаҳонбинии илмӣ асосёфта иқтидори худро равона менамояд ва ҳамзамон бо ин, ҳизб ҷиҳати пешгирии фаъолияти гурӯҳҳо ва ҷараёну ҳаракатҳое, ки ба амнияти давлат, миллат, ҷомеа ва сохти конститусионии Тоқикистон хатар эҷод мекунад, пайваста талош меварзад. Роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саъдии Шерозӣ” Рухшона Розиқова дар навбати худ зикр намуд, ки ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қачоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи қонун мубориза хоҳем бурд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.