Гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мерасад19-07-2018, 09:03
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон дубора бо истифода аз гази воридшуда аз Ӯзбекистон ба кор ощоз карданд. Муовини якуми раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода ба хабарнигорон гуфт: «Дар семоҳаи аввали соли равон аз ин кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми 3,5 миллион метри мукааб газ ворид шудааст, ки он асосан барои корхонаҳои истеҳсолӣ тавзеъ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, тайи 15 рӯзи моҳи июл воридоти ин навъи сӯзишворӣ бо суръат афзуда ва ба як миллион метри мукааб расид. Ин мақоми «Тоҷиктрансгаз» афзоиши ҳаҷми гази воридшаванда аз Ӯзбекистонро ба талаботи дохилӣ ва зиёд шудани миқдори корхонаҳои муштарӣ вобаста донист. Муовини якуми раиси «Тоҷиктрансгаз» шарҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир 12 корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон бо гази воридшаванда фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Аммо ин ҳадди ниҳоии истифодабарандагон аз гази Ӯзбекистон набуда, шумораи корхонаҳои дархосткунанда рӯ ба афзоиш мебошад. Тавре маълум шуд, корхонаи бузурги истеҳсолунандаи алюминий – «ТалКо» - и шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи масрафкунандагони асосии гази воридотӣ будааст. Ба гуфтаи ин мақоми «Тоҷиктрансгаз» айни ҳол Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе низ барои ба масрафи гази Ӯзбекистон гузаштан таҷҳизоти худро тайёр мекунад, то барои фаълият дар мавсими сармо аз он истифода кунад. Ш. Шоимзода инчунин зикр кард, ки нақша доранд, дар соли равон дар ҳаҷми 151 миллион метри мукааб аз Ӯзбекистон газ ворид мекунанд ва дар сурати бештар шудани талабот имкони зиёда аз ин нақша ҳам дарёфт кардани ин навъи сӯзишворӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон ӯ шарҳ дод, ки як шарти афзоиши бечунучарои газ ва воридоти бамавриди он пешпардохти маблащи гази дархостшаванда мебошад. Муовини якуми раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» таъкид кард, ки айни ҳол масъалаи таъмини аҳолӣ бо гази воридотӣ ҳанӯз матраҳ нест, агарчӣ ин маврид ҳам дар нақшаи умумӣ фаъолияти ин ниҳод ҷой дорад. Дар солҳои аввали пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам минтақаҳое дар марказ ва шимоли Тоҷикистон аз ҳисоби гази Ӯзбекистон таъмин мешуданд, аммо дар даҳаи аввали солҳои 2000 –ум бинобар сардӣ дар муносибатҳои ду кишвар мизони гардиши мол аз 500 миллион доллар ба 12 миллион доллар коҳиш ёфт ва аз ҷумла воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тамоман қатъ шуд. Пас аз сафари Президенти Ӯзбекистон ба Душанбе дар аввалҳои моҳи марти имсол ва имзои созишномаҳо дар соҳаҳои гуногун муносибатҳои дуҷониба рӯ ба беҳбуд овард. Оғози дубораи воридоти газ натиҷаи иродаи неки сарварони ду кишвар аст. С. Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.